Пешниҳодот оид ба такмил додани таълими касбӣ муҳокима гардид

    Президент Шавкат Мирзиёев 24 сентябр бо тақдимоти пешниҳодот оид ба рушди низоми таълими касбӣ ва ислоҳоти низоми миллии таснифот шинос гардид.

    Ин вазифа дар ҷамъомади видеоселекторӣ оид ба соҳаҳои иҷтимоӣ, ки 5 феврали соли ҷорӣ доир гардида буд, гузошта шуда буд. Дар давраи гузашта самаранокии низом аз лиҳози танқидӣ омӯхта шуда, чорабиниҳои иловагӣ таҳия гардиданд.

    Ҳоло ҳозир низоми таълими касбӣ аз се намуди муассисаҳо иборат аст: 333 мактаби касбӣ, 227 техникум ва 112 коллеҷ. Бинобар тафовут ва вуҷуд надоштани иртибот байни барномаҳои таълимии онҳо иқтидори мавҷудаи муассисаҳо ғайрисамарабахш истифода мегарданд.

    Аз ин боис пешниҳод мегардад, ки шабакаи техникумҳо дар пойгоҳи ин се намуди муассисаҳо инкишоф дода шавад. Бинобар пешниҳодот 600 техникум таъсис дода мешавад. Дар натиҷаи оптимизатсия 71 бинои муассисаи озодгардида ба мактаб табдил дода шуда, 42 ҳазор ҷойи нави таълимӣ ба вуҷуд меояд.

    Ғайр аз ин, ҳоло коллеҷҳо дар назди вазорат ва идораҳои гуногун фаъолият доранд. Аз ин пас сиёсати ягонаи давлатӣ дар корҳои идора, ташкилӣ ва ҷиҳатҳои услубӣ аз ҷониби Вазорати таълими олӣ, илм ва инноватсия ба амал татбиқ мешавад.

    Барои зуд мутобиқ намудан ба талаботи замон васеъ намудани ихтиёрдории илмии техникумҳо дар назар аст. Пешбинӣ мегардад, ки муддат ва идомати таълим дар вобастагӣ аз мураккабии касб ва дараҷаи дониши хонандагон муайян карда шавад.

    Бо мақсади баланд бардоштани сифат ва ҷолибияти таълим дар техникумҳо барномаҳои байналхалқии таълимӣ татбиқ мегарданд. Аввал ба сифати озмоиш дар 14 техникум барномаи англисии «ВТЕС» татбиқ карда мешавад. Ба хатмкунандагон дипломҳое дода мешаванд, ки дар 70 мамлакат эътироф гардида, инчунин имконоти дохил гардидан ба бештар аз 200 донишгоҳи хориҷиро медиҳад. Дар вобастагӣ аз натиҷаҳо ин таҷриба бо марҳалабандӣ дар дигар техникумҳо низ ҷорӣ хоҳад шуд.

    Инчунин ташаккул додани ҷараёни қабул дар асоси талаботи кордиҳандагон муҳим мебошад. Бо ин мақсад платформаи электронӣ омода мешавад, ки ба он тамоми вазоратҳо ва соҳаҳо васл карда мешаванд. Барномаҳои таълимии техникумҳо пас аз ҳамоҳангӣ бо соҳаҳои саноат, иттиҳодияҳои соҳибкорон, кордиҳандагон ва ассотсиатсияҳои калон ба амал ҷорӣ карда мешавад.

    Дар тақдимот инчунин масъалаҳои ислоҳи Низоми миллии таснифот баррасӣ гардиданд.

    Дар солҳои охир дар ин самт корҳои муайян анҷом ёфтанд, аммо дар пеш вазифаҳои зиёд қарор дорад. Стандартҳо барои беш аз ҳазор касби коргарӣ таҳия нагаштааст. Таснифот оид ба баъзе касбҳо ба талаботи байналхалқӣ ҷавоб намедиҳад.

    Бинобар ин акнун Шӯрои ҷумҳурӣ оид ба рушди таснифоти касбӣ ва дониш аз ҷониби Сарвазир роҳбарӣ карда мешавад. Дар таркиби шӯро 24 шӯрои нави соҳавӣ таъсис меёбад.

    Ғайр аз ин, дар назди Маркази лоиҳаҳо дар соҳаи таълим Донишкадаи рушди низоми миллии таснифот ташкил мегардад. Донишкада дар асоси таҷрибаи пешқадами мамлакатҳои рушднамуда Чорчӯбаи миллии таснифотро дар таҳрири нав таҳия месозад. Мусаннифи вазифа ва касбҳо бо илова намудани қариб сад касби замонавӣ ва хориҷ намудани онҳое, ки аҳамияти амалии худро аз даст додаанд, таҷдиди назар хоҳад шуд.

    Роҳбари давлат фикри худро оид ба масъалаҳои таҷҳизонидани техникумҳо бо ҷиҳозҳо ва воситаҳои меҳнат, тарбияи кадрҳои ихтисосҳои коргарие, ки ба талаботи имрӯз ҷавобгӯ мебошанд, афзудани саҳми машғулоти амалӣ иброз намуд.


    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates