Дар 5 соли охир ҳаҷми истеҳсоли мис дар кишвар тақрибан 1,5 маротиба афзуда, дар соли 2020 ба 148 ҳазор тонна расид. Аммо кор оид ба истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд ба дараҷаи бояду шояд нест. Аз ҷумла, тақрибан 60 фоизи мис ҳамчун ашёи хом содир карда мешавад.
Мувофиқи маълумоти мутахассисони байналмилалӣ пешбинӣ шудааст, ки дар соли 2030 дар саросари ҷаҳон талабот ба мис аз ҳисоби афзоиши истеҳсоли мошинҳои барқӣ, электротехника ва азхудкунии манбаъҳои барқароршавандаи энергия меафзояд.
Даромад аз фурӯши мис аз айни замон 2,5 миллиард долларро ташкил медиҳад. Дар сурати ба 400 ҳазор тонна расидани тавлиди мис дар 5 соли оянда, ин нишондиҳанда бо назардошти соҳаҳои марбута метавонад ба 7-8 миллиард доллар расад.
Бо ин мақсад 24 июн қарори Президент дар бораи чораҳои иловагӣ оид ба рушди саноати маъдани куҳӣ ва соҳаҳои наздик қабул карда шуд. Бо қарор ташкили кластери саноати мис муайян гардида, комиссияи махсус таҳти сарварии Сарвазир ташкил карда шуд.
Дар маҷлис тадбирҳо оид ба татбиқи ин вазифаи стратегӣ муайян карда шуданд.
Дар навбати аввал аҳамияти коркарди барномаи панҷсолаи тавсеаи ҷустуҷӯи корҳои геологии металлҳои ранга ва нодир таъкид карда шуд.
Вазифа гузошта шуд, ки бо ҷалби ширкатҳои бонуфузи байналмилалӣ барои рушди хадамоти лоиҳакашӣ ва муҳандисӣ дар ин самт донишкадаи замонавии лоиҳакашӣ таъсис дода шавад.
Таъкид гардид, ки дар мамлакати мо бояд истеҳсол ва хидматрасонӣ ба таҷҳизот ва асбобҳои истихроҷи маъданро ба роҳ монд.
Зикр гардид, ки намудҳои алоҳидаи фаъолият дар комбинатҳо, аз қабили хизматрасонии нақлиёти автомобилӣ, рақамисозӣ, метавонанд дар асоси ҳамкорӣ ва аутсорсинг ба сектори хусусӣ гузаронида шаванд.
Бояд истеҳсоли чунин маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд, ба монанди хӯлаҳои металлӣ дар ИИИ металлҳои нодир ва хӯлаҳои сахт, техникаи маишӣ, компютерҳо, аккумуляторҳо, ҷузъҳо барои мошинҳои барқӣ дар корхонаҳои «Узэлтехсаноат» вусъат дода шаванд.
Ба Вазорати рушди инноватсионӣ супориш дода шуд, ки консепсияи рушди корхонаҳои саноатиро дар иртиботи зич бо тадқиқот ва инноватсияи амалӣ таҳия кунад. Аҳамияти тайёр кардани муҳандисон-технологҳои маълумоти олидор ва коргарон барои ҳар як звенои кластер қайд карда шуд. Барои ин аҳамияти роҳандозии ҳамкорӣ бо муассисаҳои таълимии пешрафтаи хориҷӣ таъкид шуд.
Супориш дода шуд, ки гурӯҳи мутахассисони соҳибихтисос ташаккул дода, таҷрибаи хориҷӣ дар ташкили кластери саноати мис омӯхта, самтҳои стратегии рушди геология ва соҳаи маъдани кӯҳӣ бо ҷалби ширкатҳои байналмилалӣ муайян карда шаванд.