Дар ҷамъбасти мулоқотҳои дирӯза сарвари давлатамон қайд намуд, ки таърихи пуршарафи муносибатҳои тарафайни халқҳои ӯзбек ва озарбойҷон дар рӯзҳои мо барои рушди ҳамкориҳои бисёрҷанба заминаи мустаҳкам фароҳам овардааст.
Дар ҳақиқат халқҳои бародарии мо ҳамеша алоқаҳои зичи маданӣ доштанд. Дар ин кор Хева, ки таърихи он зиёда аз 2500 солро дарбар мегирад, нақши калон бозид.
Аз ин лиҳоз, сафари президентҳои Ӯзбекистон ва Озарбойҷон ба ин шаҳри бостонӣ аҳамияти бузург дорад.
Маҷмӯи «Ичан-қалъа» ҳамчун шаҳр-музейи нотакрор маъруф аст. Дар ин ҷо зиёда аз 120 ёдгории меъморӣ мавҷуд аст. Аз ин рӯ, 12 декабри соли 1990 Хева ба Рӯйхати мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО дохил карда шуд.
Сарони давлатҳо аз дарвозаи асосии “Отадарваза” вориди маҷмӯъ шуда, аз Калта минор, қасри Қуния-арк, мадрасаи Шерғозихон, масҷиди Ҷумъа, қасри Тошовли, Осорхонаи олимон дидан карданд.
Ба меҳмонон барномаи консертӣ пешкаш карда шуд, ки дар он суруду рақсҳои хоразмӣ ҷой доштанд.
Президентҳо инчунин аз қасри Нуруллобойи наздикии Ичан-қалъа дидан карданд.
Ин маҷмӯъро соли 1884 хони Хева Муҳаммад Раҳимхон Фирӯз сохтааст. Баъдтар, биноҳои иловагӣ сохта шуданд, қаср то панҷ ҳавлӣ васеъ шуд. Меъмории қаср услубҳои шарқӣ ва аврупоиро ба ҳам мепайвандад. Сарой аз он ҷиҳат ҷолиби диққат аст, ки дар ибтидои асри ХХ дар ин ҷо бисёр ҷараёнҳои муҳимми сиёсӣ ба амал омадаанд.
Нақши Хива дар рушди давлатдорӣ ва илм, ёдгориҳои бостонӣ ва санъати ин шаҳр ба меҳмонони озарбойҷонӣ таассуроти калон бахшид.