Президенти Ӯзбекистон аз рушди минбаъда ва таҳкими ҳамкориҳои бисёрҷанба дар доираи СҲШ ҷонибдорӣ кард

    Ҳукумат 4 Iyul 2023 7571

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев бо даъвати Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ 4 июл дар ҷамъомади навбатии Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ, ки дар шакли видеоконфронс баргузор гардид, иштирок кард.

    Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати ҷониби Ҳиндустон гузашт, ҳамчунин Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев, Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Сзинпин, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Ҷапаров, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Шаҳбоз Шариф, Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай Чжан Мин ва директори Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ Руслан Мирзаев иштирок намуданд.

    Дар ин ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон Иброҳим Раисӣ, Президенти Белорус Александр Лукашенко, Президенти Муғулистон Хурелсух Ухнаагийн ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов, инчунин Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш ва раҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ба ҳайси кишварҳои нозир ва меҳмонони фахрӣ ширкат доштанд.

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа оид ба масъалаҳои мубрами минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифта, дурнамои тавсеаи минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи мутақобилан судманд баррасӣ гардид.

    Сарвари Ӯзбекистон дар суханронии худ ба тағйироти бунёдии дар низоми муносибатҳои байналмилалӣ ҷоришаванда – пурзӯр шудани ташаннуҷи геополитикӣ ва авҷ гирифтани низоъҳо, ба вуҷуд омадани хатару таҳдидҳои нав ба суботу рушди устувор, авҷ гирифтани даъватҳо дар соҳаи экология, амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ баҳо дод.

    – Вобаста ба ин зарурати ҷиддии ба роҳ мондани мулоқоти пурмуҳтаво ва муътамад зарур аст, – қайд кард сарвари кишвари мо.

    Таъкид шуд, ки Ӯзбекистон вобаста ба нақши асосии Созмони Милали Муттаҳид дар танзими талош ва зиддиятҳо, дар ҷустан ва қабул кардани қарорҳои дуруст ба мақсади таъмин сохтани сулҳу эътидол мавқеи мустаҳкам дорад.

    Президенти Ӯзбекистон ба фаъолияти СҲШ дахл намуда, эъитибори ҳозиронро ба он ҷалб сохт, ки комёбии созмони мазкур бо бечунучаро риоя кардан ба равандҳои асосии он таъмин мегардад. Ин мақоми ғайриблокӣ, эътимоди қатъӣ ба ошкорбаёнӣ, баробарҳуқуқӣ ва дар пояи ҳамҷиҳатӣ қабул кардани қарорҳо мебошад.

    – Аз ҳама муҳимаш, ҳамкории мо ба эҳтироми тарафайн ва қабули конструктивии манфиатҳои гуногун, мавқеъҳо, нуқтаи назар, гуногунрангии мадании давлатҳои аъзо асос мекунад, – изҳор дошт роҳбари давлати мо.

    Ба мақсади минбаъд нигоҳ доштан ва пурзӯр кардани нақши асосии СҲШ ҳамчун сохтори самарабахши байналхалқӣ дар ҳаллу фасли масъалаҳои хеле рӯзмарраи рӯзномаи минтақавӣ пешниҳод шуд, ки муоҳида ва қарорҳои қабулшуда, аудити фаъолияти идораҳо ва механизмҳои ҳамкорӣ таҷдиди назар карда, ҳамчунин иҷрои шартномаҳо оид ба навсозии СҲШ тезонида шавад. Зарурати татбиқ сохтани лоиҳаи муштараки тадқиқотӣ бинобар рушди пешомадноки созмон дар доираи анҷумани коршиносии СҲШ таъкид гардид.

    Бо дарназардошти рӯзномаи ҳамоиш Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон бобати рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи созмон таклифҳои мушаххас пешниҳод намуд.

    Аз ҷумла, роҳбари кишвари мо ташаббуси коркарди ҳуҷҷати бисёрҷанбаи сиёсӣ – Кодекси ҳамсоягии нек, эътимод ва шарикии наздисарҳадии СҲШ-ро пеш гузошт.

    – Қабули ин ҳуҷҷат имкон медиҳад вазифаҳои афзалиятнок мушаххас, муносибатҳои умумӣ ва чораҳои маҷмӯӣ бобати минбаъд амиқсозии ҳамкорӣ дар шароити нав коркард шаванд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Роҳбари Ӯзбекистон таъкид намуд, ки давлатҳои СҲШ бинобар нишондиҳандаҳои рушди саноатӣ ва инноватсионӣ пешқадам буда, дорои иқтидори азими интеллектуалӣ мебошанд, захираҳои ғановатманди энергетикӣ ва аграрӣ доранд.

    – Ҳоли ҳозир ташаббус дар бораи ташаккул додани соҳати умумӣ барои зиёд кардани савдои дохилиминтақавӣ ва кооператсияи саноативу технологӣ беш аз пеш рӯзмарра мебошад, – қайд кард сарвари Ӯзбекистон.

    Ба ин маънӣ Президенти мамлакати мо пешниҳод кард, ки Барномаи мулоқоти нави иқтисодии СҲШ бо фарогирии чунин самтҳо, аз ҷумла рушди инноватсионӣ, рақамикунонӣ ва роботкунонӣ, интеллекти табииӣ, биотехнология, дорусозӣ ва соҳаҳои дигари саноати оянда қабул карда шавад.

    Ба мақсади пешбурди лоиҳаҳо бинобар самтҳои зикршуда роҳбари давлат дар Ӯзбекистон баргузор кардани Ҳафтаи шарикии инноватсионии минтақаҳои давлатҳои аъзои СҲШ-ро бо ба роҳ мондани намоишгоҳи муштараки технологияҳои олӣ пешниҳод намуд. Ба масъалаҳои нақлиётиву коммуникатсионӣ дахл карда, Президенти Ӯзбекистон коркарди Харитаи ягонаи иртиботи тарафайни нақлиётии давлатҳои СҲШ-ро пеш гузошт.

    – Ин имкон медиҳад «ҷойҳои нозук» ва «норасоиҳо» муайян карда, чораҳои аввалиндараҷа ва лоиҳаҳо барои ташаккул додани низоми қаробатии нақлиётиву транзитӣ андешида шаванд, – зикр намуд ӯ.

    Роҳбари кишвари мо Соли экология дар ҳудуди СҲШ эълон шудани соли ояндаро дастгирӣ карда, пешниҳод намуд, ки дар доираи татбиқ сохтани Барномаи «камари сабз» Дурнамои ҳаракати муштарак бинобар пешбурди лоиҳаҳои минтақавии экологӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои «сабз» тайёр карда шавад.

    – Дар соҳати СҲШ бинобар масъалаҳои обсозиш ба тағйироти иқлим, пешгирии карбон аз ҳисоби энергетикаи муқобил, офтобӣ ва бодӣ, рушди хоҷагии қишлоқи «ақлӣ» ва сарфаи об ҳамкориҳои беш аз пеш қарин ва саъю кӯшишҳои амалӣ заруранд, – изҳор дошт роҳбари давлати мо.

    Президенти Ӯзбекистон омода будани кишвари моро барои дар пойгоҳи Донишгоҳи байналхалқии сайёҳӣ ва мероси фарҳангии «Роҳи абрешим» дар Самарқанд гузаронидани конфронси илмию амалӣ бинобар рушди саноати сайёҳии СҲШ дар доираи иҷлосияи ҷашнии Ассамблеяи генералии Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ моҳи октябри соли 2023 ибрози назар намуд.

    Роҳбари давлат ба муҳимияти татбиқ кардани сиёсати ҳамоҳанг ба мақсади ҳамаҷониба кушода додани иқтидори ғановатманди маданиву инсонпарварии СҲШ махсус таваққуф намуд. Вобаста ба ин ҷорӣ намудани таҷрибаи ташаккул додани Тақвими ҳарсолаи мунтазам баргузор кардани мубодилаи фарҳангӣ ва тайёр кардани Барномаи чорабиниҳо бобати вусъат додани табодули ҷавонон – «СҲШ – ҳудуди ғояҳои наҷиб ва ташаббусҳои оянда» пешниҳод шуд.

    Саъю кӯшиши беҳтар шудани фаъолияти Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ-ро зикр намуда, роҳбари кишвари мо бо таклифи баргузор кардани ҷамъомадҳои сайёри Шӯрои Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ, ки ба ин сохтор имкон медиҳад дар масъалаҳои муносибати оҷилона ба таҳдидҳои замонавӣ нисбати амният қодир бошад, баромад кард.

    Вазъияти мураккаб дар Афғонистон низ ҳамчун яке аз масъалаҳои муҳим зикр шуд.

    Президент таъкид кард, ки давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай, ки ҳамсояҳои бевоситаи Афғонистон ба шумор мераванд, пеш аз ҳама, аз дарёфти роҳи ҳаллу фасли дарозмуҳлати сиёсӣ манфиатдор мебошанд.

    Вобаста ба ин пешниҳод гардид, ки кор ва машварати муштарак дар шакли Гурӯҳи иртиботии «СҲШ – Афғонистон» аз нав ба роҳ монда шавад.

    Бинобар ҷамъбасти чорабинӣ роҳбарони давлатҳои аъзои СҲШ ба ҳуҷҷатҳои зерин:

    – Баённомаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои СҲШ дар Ню-Деҳлӣ;

    – Қарор дар бораи тасдиқ намудани Стратегияи рушди иқтисодӣ дар минтақаи СҲШ то соли 2030;

    – Қарор дар бораи анҷом додани тартиботи қабули Ҷумҳурии Исломии Эрон ба узвияти СҲШ ва ба вай додани мақоми давлати узви СҲШ;

    – Қарор дар бораи имзои Меморандум оид ба ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Белорус ба мақсади гирифтани мақоми давлати узви СҲШ имзо гузоштанд.

    Ғайр аз ин 10 ҳуҷҷате, ки ба минбаъд пурзӯр кардани ҳамкориҳои тарафайни иқтисодӣ ва трансформатсияи рақамӣ, таъмин сохтани амнияти минтақавӣ, вусъат додани робитаҳои фарҳангиву инсонпарварӣ нигаронида шудаанд, қабул гардиданд.

    Навбати раисӣ дар СҲШ ба Ҷумҳурии Қазоқистон гузашт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates