Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҷонибдори рушди шарикии амалии байни Осиёи Марказӣ ва Олмон мебошад

    Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев дар нишасти дуюми «Осиёи Марказӣ – Олмон», ки 17 сентябр дар Остона баргузор шуд, ширкат кард.

    Дар чорабинӣ, ки таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев баргузор шуд, ҳамчунин Канслери Федералии Олмон Олаф Шолс, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов ширкат доштанд.

    Масъалаҳои таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон баррасӣ шуданд. Ба масъалаҳои рушди шарикӣ дар бахшҳои сармоягузорӣ ва технология, ашёи хоми муҳим, энергетикаи "сабз", робитаҳои нақлиётию логистикӣ, мубориза бо тағирёбии иқлим, инчунин татбиқи барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуданд.

    Президенти Ӯзбекистон дар суханронии худ ба дастгирии қавӣ ва доимии Олмон аз дигаргуниҳои демократӣ ва ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ, шарикӣ ва ҳамгироӣ дар минтақа баҳои баланд дод.

    Мулоқоти аввал дар Берлин ва чорабинии имрӯза бори дигар рӯҳияи умумиро барои идомаи муколамаи кушоду созанда ва таваҷҷуҳ ба ноил шудан ба натиҷаҳои мушаххаси амалӣ тасдиқ мекунад, таъкид намуд Шавкат Мирзиёев.

    Сарвари давлат робитаҳои деринаи таърихӣ бо Олмон ва нақши муҳими Ҷумҳурии Федеративиро дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувори Осиёи Марказӣ махсусан қайд кард. Таъкид шуд, ки дигаргуниҳои амиқ, ки дар солҳои охир дар минтақа ба амал омадаанд, ба вусъати пурзӯри ҳамкории ба ҳамдигар фоидабахш мусоидат мекунанд.

    Президенти Ӯзбекистон ҷиҳати рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи Осиёи Марказӣ ва Олмон як қатор ташаббусу пешниҳодҳои нав ба миён гузошт.

    Сарвари Ӯзбекистон, пеш аз ҳама, ба роҳандозии шарикии стратегии минтақавӣ миёни Осиёи Марказӣ ва Олмон баҳои баланд дода, пешниҳод намуд, ки Консепсияи рушди шарикӣ бо чорабиниҳои барномавӣ дар самтҳои афзалиятнок қабул карда шавад.

    Барои таҳияи ин ҳуҷҷат зарурати таъсиси Форуми марказҳои таҳлилии «Осиёи Марказӣ - Олмон» бо баргузории ҷаласаи нахустини он соли оянда дар Хива зикр гардид.

    Инчунин нақши муҳими вохӯриҳои солонаи сарони вазоратҳои корҳои хориҷии кишварҳо дар таҳияи рӯзномаи нишастҳо қайд карда шуд.

    Ба роҳ мондани шарикии сармоягузорӣ ва технологӣ бо ширкатҳои пешрафтаи Олмон аҳамияти муҳим дорад.

    Дар робита ба ин пешниҳод шуд, ки “харитаи роҳ” барои тавсеаи ҳамкориҳои сармоягузорӣ ва технологӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон таҳия карда шавад, ширкат ва бонкҳои пешрафтаи олмонӣ барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар минтақа фаъол ҷалб карда, Шӯрои сармоягузорон ва соҳибкорони «Осиёи Марказӣ ва Олмон» таъсис дода, инчунин имкониятҳои қабули созишномаи бисёрҷонибаи байниҳукуматӣ оид ба ҳавасмандгардонӣ ва ҳимояи сармоягузориҳо мавриди омӯзиш қарор дода шаванд.

    Ҳамкорӣ дар соҳаи ашёи хоми муҳим дар асоси ҷорӣ намудани дониш ва технологияҳои пешрафтаи Олмон ҳамчун самти ояндадор қайд карда шуд.

    Сухан дар бораи лоиҳаҳои корҳои иктишофии геологӣ, азхудкунии интенсивӣ, коркард ва истеҳсоли маҳсулоти арзиши иловагиаш баланд, ташкили интиқол ба Олмон ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Аврупо меравад, гуфт роҳбари давлат.

    Омодагии Ўзбекистон дар татбиқи муштараки чунин лоиҳаҳо дар кишварҳои ҳамсоя таъкид гардид.

    Илова бар ин, ба ҷалби кумаки техникӣ аз Олмон дар татбиқи Барномаи таҳияи харитаҳои рақамии конҳои кашфшудаи маъданҳои муҳим ва металлҳои нодири замин дар минтақа изҳори ҳавасмандӣ карда шуд. Аҳамияти фароҳам овардани заминаи боэътимоди ҳуқуқии чунин ҳамкорӣ низ таъкид гардид.

    Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетикаи «сабз» аҳамияти хоса дорад.

    – Дар солҳои охир дар тамоми кишварҳои мо энергетикаи офтобӣ, шамолӣ ва гидроэнергетикӣ фаъолона рушд карда, неругоҳҳо ва шабакаҳои гармидиҳӣ модернизатсия шуда, лоиҳаҳои гидрогени “сабз” пешбарӣ мешаванд, – изҳор намуд сарвари Ӯзбекистон.

    Сарвари давлат пешниҳод кард, ки муколамаи энергетикӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон бо ҷалби вазоратҳои энергетика, корпоратсияҳои бузург, операторҳо, созмонҳои илмӣ ва коршиносони соҳа роҳандозӣ карда шавад.

    Ба омода намудани Барномаи маҷмӯгии баланд бардоштани иқтидори мутахассисони соҳаи иқтисодиёти камкарбон бо ҷалби кӯмаки техникии Олмон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.

    Вокуниши муштарак ба тағирёбии иқлим аҳамияти махсус дорад.

    Ба ин муносибат, пешниҳод гардид, ки барномаҳои муштараки таълимӣ ва табодули илмӣ дар заминаи Донишгоҳи Осиёи Марказӣ оид ба омӯзиши муҳити зист ва тағирёбии иқлим, инчунин қабули барномаҳои ҳамкорӣ оид ба ҷорӣ намудани технологияҳои олмонии истифодаи оқилонаи об, навсозии системаҳои ирригатсионӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, тайёр кардани мутахассисони экологӣ васеъ гардонда шавад.

    Дастгирӣ ва омодагӣ барои иштироки фаъол дар татбиқи амалии ташаббуси Канслери Олмон оид ба таъсиси шарикии табиии Осиёи Марказӣ изҳори назар карда шуд.

    – Монеаи калонтарин дар роҳи амиқсозии шарикии мо рушди сусти коммуникатсияҳои нақлиётӣ, аз ҷумла нақлиёти заминӣ ва ҳавоӣ мебошад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар робита ба ин вай ҷониби Олмонро даъват кард, ки дар ҷалби ниҳодҳои аврупоӣ ба рушди долонҳои алтернативии нақлиётӣ, ки Осиёи Марказиро бо Аврупо мепайвандад, мусоидат намояд.

    Сарвари давлат пешниҳод кард, то соли 2025 конфронси муштараки вазирон оид ба ҷустуҷӯи роҳҳои баланд бардоштани иқтидори транзити чунин масирҳо доир карда шавад.

    Президенти Ӯзбекистон талаботро ба рушди ҳамкориҳои фарҳангию гуманитарӣ қайд карда, қабули Нақшаи чорабиниҳои муштараки фарҳангӣ, баргузории Рӯзҳои санъат ва синамои Осиёи Марказӣ дар шаҳрҳои бузурги Олмон, ба роҳ мондани робитаи байни фондҳои осорхонаҳоро ҷонибдори намуд.

    Дар самти табодули илмию таълимӣ аҳамияти роҳандозии платформаи шарикӣ байни мактабҳои олии пешрафта, таҳияи барномаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаи таҳсилоти дуалӣ, омода намудани омӯзгорони забони олмонӣ бо ҷалби Институти Гёте ва дигар ташкилотҳои олмонӣ таъкид гардид.

    Ҳамчунин зарурати идомаи ҳамкориҳои зич бо Олмон дар масъалаҳои мубориза бо терроризм, ифротгароӣ ва киберҷинояткорӣ, пешгирии тундгарошавии ҷавонон таъкид гардид.

    Сарвари Ӯзбекистон қайд кард, ки вазъи амниятӣ дар Осиёи Марказӣ бо равандҳои ҷараён дар Афғонистон робитаи ногусастанӣ дорад.

    Мо пешгирии бадтар шудани бӯҳрони башардӯстонаро дар ин кишвар муҳим меҳисобем, ки аслан бо мушкилоти худ танҳо мондааст”, гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Ба ин муносибат, омодагӣ ба ҳамкорӣ бо Олмон ва дигар шарикони аврупоӣ дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак, ки ба ҷалби ин кишвар ба ҳамкориҳои иқтисодии минтақавӣ ва омӯзиши кадрҳо дар заминаи Маркази таълимии шаҳри марзии Тирмиз, аз ҷумла духтарон ва занон оиди ихтисосҳои барои ҳаёти осоиштаи Афғонистон серталаб нигаронда шудаанд, қайд гардид.

    Дар ҳамоиш инчунин сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Канслери Олмон суханронӣ карданд.

    Дар ҷамъбасти чорабинӣ Изҳороти муштарак қабул гардид.


    No date selected
    October 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates