Ӯзбекистон тараққиёти худро дар заминаи маориф бунёд мекунад. Дар ин соҳа ислоҳоти куллӣ ба амал бароварда, барномаҳои васеъмиқёс татбиқ мегарданд. Муҳимтарин звено ва пояи сиёсати ҷавонон таҳсилоти ибтидоӣ ва умумӣ мебошад.
Дар мамлакати мо беш аз 37 ҳазор боғчаи бачагон ва зиёда аз 10 ҳазор мактаб мавҷуд аст. Дар маҳалҳо биноҳои нав сохта мешаванд. Аммо ин танҳо як қисми мақсад аст. Масъалаи асосӣ сифати таълим аст.
Аз ин рӯ, ихтисоси муаллимону мутахассисон мунтазам такмил меёбад. Қарори Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон оид ба такмили пайвастаи касбии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва мактабӣ, ки 21 июн қабул шудааст, ин низомро ба зинаи нав бардошт.
Аз ҷумла, ин донишкада ба Донишкадаи миллии маҳорати педагогии ба номи А.Авлонӣ табдил дода шуд. Маҷмааи мавҷуда пурра таъмир карда, ду бинои иловагӣ сохта шуд, ки ҳамаи онҳо бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шудаанд. Ҳам шумораи шунавандагон ва ҳам самтҳо афзуд.
Донишкада 90 сол пеш, соли 1934 кушода шуда буд. Ба ин муносибат дар ин ҷо музей ташкил карда шуд. Дар он таваҷҷуҳи аҷдоди ҷадиди мо ба илм, низоми маориф, ки Абдулло Авлонӣ асос гузошта буд, китобҳои дарсии он замон, марҳилаҳои инкишофи таҳсилоти умумӣ инъикос ёфтааст. Бо ёрии интеллекти сунъӣ симои ҷадидони равшанфикр офарида шуд. Дар ин ҷо китобхонаи дорои қариб 88 ҳазор китоб низ мавҷуд аст. Сарвари давлат аз музей ва китобхона дидан кард.
Дар муассиса шаклҳои анъанавӣ, алтернативӣ ва дуалии такмили ихтисос ва бозомӯзӣ, аз ҷумла дар асоси технологияҳои зеҳни сунъӣ ҷорӣ карда шудааст. Кабинети таълимии ситутсионӣ ба воситаи алоқаи видео ба марказҳои такмили ихтисоси педагогии Ҷумҳурии Қароқалпоқистон ва вилоятҳо пайваст карда шудааст. Платформаҳои нармафзор, аз қабили таҳсилоти муттасили касбӣ, курсҳои таҳсили менеҷерӣ, аттестатсияи омӯзгорон ва пешниҳоди категорияҳои тахассусӣ, идоракунии таҳсилоти томактабӣ ва мактабӣ ҷорӣ карда шуданд. Ин имкон медиҳад, ки ба директорону муаллимони вилоятҳо технология ва усулҳои нави педагогӣ омӯзонда шаванд.
Имрӯз директори мактаб бояд на танҳо омӯзгори ботаҷриба, балки идоракунандаи хуб, ба маънои муайян стратег бошад. Дар барномаи таълимии донишкада ба ин диққати калон дода шуда, мактаби директорон ташкил карда шудааст.
Дар кабинетҳои таълими инклюзивӣ ва равоншиносӣ, тахассуси дефектологҳо ва мураббиёне, ки дар ин самт кор мекунанд, такмил дода мешавад. Дарсҳои видеоӣ дар студияи медиа ба навор гирифта мешаванд. Дар донишкада инчунин толори конфронс, утоқҳои компютерӣ ва семинарҳо, ошхона ва дигар иншоот мавҷуд аст.
Тавре маълум аст, имрўз дар мамлакати мо ба илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ таваҷҷуҳи хоса дода шуда, мактабҳо бо таҷҳизоти замонавӣ ва асбобҳои таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Ин аз муаллимон талаб мекунад, ки ба усулҳои нав мутобиқ шаванд, донишу маҳорати навро аз худ кунанд. Лабораторияи «STEM» барои бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси омӯзгорон дар ин самт хизмат мекунад.
Дар асоси талаботи муосири таълим миқдори соатҳои таълим дар донишкада зиёд карда шуд. Бо мақсади фароҳам овардани шароити муносиб барои омӯзгорон дар хобгоҳ таъмири замонавӣ анҷом ёфта, шумораи ҷойҳо зиёд карда шуд.
Президент аз ин биноҳо дидан карда, бо шароит ва имкониятҳои нав шинос гардид.
— Донишкада бояд мунтазир нашуда, ташаббусро ба даст гирифта, пешвоиро аз даст надиҳад. Барои баланд бардоштани сифат дар ҳамаи мактабҳо бо муаллимон ва директорони вилоятҳо бештар кор кардан лозим аст. Мактаб одамони замони нав, созандагони ояндаи моро тарбия мекунад. Бе таълим оянда нест, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Барои дар хориҷи кишвар омода кардани омӯзгорону мураббиён ва ҳамоҳангсозии таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ дастурҳо дода шуданд.
Дар давраи гузаштаи соли ҷорӣ дар донишкада ҳудуди 4300 нафар роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ихтисоси худро такмил доданд. Инчунин, дар курсҳои менеҷмент тақрибан 2 ҳазор нафар директорон ва номзадҳои директорон таълим гирифтанд. Ба воситаи платформаи «Таълими давомдори касбӣ» зиёда аз 113 ҳазор нафар муаллимон дар машғулиятҳо иштирок карданд.
Созмони байналмилалии таълимии Сингапур 100 директори мактаб ва 200 омӯзгори риёзӣ ва илмҳои табииро бозомӯзӣ кардааст. Дар сохтори донишкада Маркази тадқиқоти байналмилалӣ низ ба фаъолият шурӯъ кард.
Умуман, дар мамлакати мо низоми муттасили азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси кадрҳои роҳбарикунанда, педагогӣ ва махсуси муассисаҳои таълимии томактабӣ ва мактабӣ ба роҳ монда мешавад. Аз соли 2025 онҳо дар ҳар панҷ сол як маротиба тахассуси худро такмил хоҳанд дод. Илова бар ин, дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ “Соати инкишофи касбӣ” ва “Рӯзи инкишофи касбӣ” ҷорӣ карда мешавад. Таҷрибаи беҳтарини дар мактабҳои президентӣ ҷамъовардашуда тавассути низоми такмили ихтисоси пайваста дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ васеъ татбиқ мегардад.