Шавкат Мирзиёев: ҳурмату эҳтироми шаъну шарафи инсон, пеш аз ҳама, аз эҳтироми занони азизи мо оғоз меёбад

    Дар шаҳри Тошканд маросими тантанавӣ бахшида ба Рӯзи байналхалқии занон баргузор шуд.

    Дар маросим Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард. Роҳбари давлат дар маърӯзаи худ меҳру муҳаббат ва эҳтироми амиқи худро нисбати занон изҳор дошт.

    Дар ин рӯзи зебо ҳамаи мо дар назди бузургии модар, эҳтироми баланди зан, ки ба мо ҳаёт бахшида, бо муҳаббат ба оғӯш гирифта, тарбия кардааст, сари таъзим фуруд меоварем, – гуфт Президент.
    Дар мамлакати мо дар самти мазкур корҳои васеъмиқёс амалӣ мешаванд. Аз ҷумла, дар доираи Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030» бобати баланд бардоштани фаъолнокии занон, ҳифзи модару кӯдак, тасбити баробарии гендерӣ, таъмин шудани ҳуқуқ ва манфиатҳои бонувон тадбирҳои зиёд татбиқ мегарданд.

    Ин дар тамоми соҳаҳо, аз он ҷумла, сиёсӣ зуҳур меёбад. Инак, дар Кодекси интихоботӣ сабт ёфтааст, ки миқдори занон бояд на камтар аз 40 фоизи номзадҳо ба депутатӣ, ё худ на камтар аз 2 нафар аз 5 номзадро ташкил диҳад. Ҳоли ҳозир саҳми бонувон дар идораи давлатӣ аз 27 фоизи соли 2017-ум то 35 фоиз афзуд.
    Ҳамчунин бобати вусъат додани имкониятҳои иқтисодии занон, рушди соҳибкории бонувон натиҷаҳои назаррас ба даст омаданд. Тӯли панҷ соли охир дар Ӯзбекистон шумораи занони корчаллон ду баробар афзуд, миқдори соҳибкорзаноне, ки тиҷорати худро ба роҳ монданд, аз 205 ҳазор нафар гузашт. Ғайр аз ин тақрибан ба 200 ҳазор бонувон касбҳои гуногун ва донишҳои соҳибкорӣ омӯзонида шуданд. Зиёда аз 400 ҳазор нафар бо кор таъмин гардиданд.
    Ба татбиқсозии иқтидори духтарон эътибори зиёд дода мешавад. Алҳол дар муассисаҳои таълими олии мо анқариб 1 миллиону 300 ҳазор донишҷӯён таълим мегиранд, ки беш аз нисфи онҳо духтаронанд. Дар баробари ин духтарон аз оилаҳои камтаъмин ба хондан мувофиқи грантҳои иловагии давлатӣ қабул карда мешаванд. Барои онҳо вомҳои имтиёзноки таълимӣ, сарпур сохтани хароҷоти пардохти маблағи қарордодӣ пешбинӣ шудааст.
    Занони кишвари мо дар соҳаи илм низ ба комёбиҳои бузург ноил мегарданд. Тӯли ҳафт соли охир 5247 зан дараҷаи илмӣ гирифтанд. 47 фоизи иштирокдорони лоиҳаи «Як миллион нафар барномарез»-ро духтарон ташкил медиҳанд.

    – Бо вуҷуди душвориҳо мо имкониятҳои иловагӣ дарёб мекунем, барои рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, татбиқсозии имкониятҳои занону духтарон шароит фароҳам меоварем ва ин корро ҳатман идома медиҳем. Зеро саводнокии бонувон, аз ҷумла духтарон, дорои таълими олӣ шудани онҳо, соҳиби касб гардиданашон барои бахту саодати оила, инкишофи кӯдакон, умуман гулгулшукуфии тамоми ҷомеа хидмат мекунад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент оид ба вазифаҳое, ки барои таҳкими саломатии занон, таъмин сохтани шуғли онҳо, рушди соҳибкории бонувон ва пурзӯр сохтани ҳифзи иҷтимоии занон, ки дар Барномаи давлатии Соли дастгирии ҷавонон ва тиҷорат пешбинӣ шудаанд, таваққуф кард.
    Ба ин мақсадҳо бо сарварии Раиси Сенат комиссияи махсус ташкил карда мешавад. Он дар ҳар кадом минтақа дар пояи низом ва муносибатҳои куллан нав фаъолиятро бинобар ба занон омӯзондани касбҳо, бо шуғл таъмин кардани онҳо ва ба соҳибкорӣ ҷалб намудани бонувон ба роҳ мемонад.

    Ҳокимони вилоятҳо, ноҳияҳо, шаҳрҳо, муовинони ҳоким оид ба кори занон, ҳамчунин занони фаъол якҷо бо Комиссия барои бо кор таъмин кардани тақрибан 580 ҳазор занони бекор дар 9442 маҳалла тӯли соли равон масъул хоҳанд шуд.

    Умуман дар мӯҳлати як моҳ барномаи алоҳида бобати ҷалби васеи занон ба соҳибкорӣ қабул гардида, барои татбиқ намудани лоиҳаҳо 15 триллион сӯм ҷудо карда хоҳад шуд. Ғайр аз ин, грантҳо дар ҳаҷми 100 миллион доллар аз Арабистони Саудӣ, Қатар, Ҷопон, Куриёи Ҷанубӣ ва Олмон ҷалб карда мешаванд.

    Иттиҳодияи маҳаллаҳои Ӯзбекистон ва сохторҳои минтақавии он, фаъолон дар ҳайати «ҳафтгонаи маҳалла» бояд ёварони занон, мушовирони наздик бинобар масъалаҳои оилавӣ бошанд.
    Модар будан ва ба тарбияи кӯдак машғул шудан вазифаи бузург мебошад. Аҳолии мамлакати мо ҳар сол анқариб 900 ҳазор нафар меафзояд. Ҷисмонан ва рӯҳан ҳамчун шахсиятҳои пешқадам ва дар рӯҳи ватандӯстӣ тарбия намудани онҳо вазифаи муқаддас ба шумор меравад.
    Ба ин маънӣ роҳбари давлат ба тамоми занон муроҷиат кард.
    – Минбаъд мо бояд корҳои маънавиву тарбиявиро куллан ба тарзи нав ба роҳ монем. Ба раванди «Инсонпарварӣ мақсади мост, маърифат иқтидори мост» такя намуда, бояд ин кори муҳимро, пеш аз ҳама, аз оила ва маҳалла оғоз намоем. Тавре ки дар ҳадиси муқаддас гуфта шудааст, «меросе беҳтар аз тарбияи хуб нест». Маҳз дар чунин масъалаҳо масъулияти занони азизи мо, модарони дуогӯямон равшан падидор мешаванд, – зикр намуд Президент.
    Эътиборе, ки дар мамлакати мо нисбати занон дода мешавад, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидааст. Дар индекси ба наздикӣ интишоршудаи Бонки умумиҷаҳонӣ Ӯзбекистон ба сифати яке аз панҷ кишвари ҷаҳон, ки дар соҳаи баробарии гендерӣ хеле зуд инкишоф меёбанд, қайд карда шуд. Соли равон мамлакати мо боз як чорабинии бузург – Анҷумани осиёии занонро қабул мекунад.
    Сарвари давлат сафирони хориҷӣ ва намояндагони созмонҳои байналмилалиеро, ки дар чорабинии идона иштирок доранд, самимона муборакбод кард.

    Мувофиқи Қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 4 марти соли равон ба 28 нафар духтарон Ҷоизаҳои давлатии ба номи Зулфия, бинобар фармон аз 5 март бошад, занони фаъоли соҳаҳои мухталиф бо ордену медалҳо мукофотонида шуданд.
    Занони минтақаҳои гуногуни мамлакати мо, намояндагони созмонҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷашнро дар атрофи мизи идона таҷлил карданд.

    Чорабинӣ бо барномаи муҳташами консертӣ идома дошт.

    No date selected
    April 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates