Дар сессияи Сурхондарё масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид

    Ҳукумат 13 Mart 2023 5271

    Дар шаҳри Тирмиз иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои депутатҳои халқи вилояти Сурхондарё баргузор гардид.

    Дар он Президенти Ҷумҳурии Ўзбекистон Шавкат Мирзиёев иштирок кард.

    Сарвари давлат дар оғози суханронӣ ба сокинони вилоят эҳтироми хоса зоҳир намуда, қайд кард, ки вилоят дар соҳаҳои гуногун ба дастовардҳои баланд ноил мегардад.

    – Аз дидани шумо дар ин рӯзи зебои баҳор, дар арафаи идҳои калон шодам. Имрӯз мо бояд масъалаи таъин кардани ҳокими вилоятро баррасӣ намуда, дар назди худ вазифаҳои нав гузорем. Мақсад – баланд бардоштани самарабахшӣ ва сатҳи ислоҳот, муайян кардани барномаҳои васеъмиқёс ва чорабиниҳои дахлдор, бо халқ наздик шуда, қаноатманд гардондани онҳо, – гуфт Президент.

    Дар сессия ба вазъияти ҳозираи тараққиёти вилоят дахл карда шуд. Дар давоми панҷ соли охир дар ин ҷо зиёда аз 15 ҳазор корхонаи саноат, хоҷагии қишлоқ ва соҳаи хидматрасонӣ ба кор шурӯъ намуд. Неругоҳҳои нави электрикии обии «Зарчоб-1» ва «Зарчоб-2» соле 201 миллион киловатт-соат қувваи электр истеҳсол карданд.

    Илова бар ин, 257 мактаб сохта ва таҷдид карда шуда, фарогирии муассисаҳои томактабӣ аз 18 то 62 фоиз афзуд. Бори аввал 302 ҳазор нафар ба оби мутамаркази нӯшокӣ дастрасӣ пайдо карданд. Зиёда аз ҳазор километр роҳҳои байналхалқӣ ва 3 ҳазор километр роҳҳои дохилӣ таъмир карда шуданд.

    – Агар минбаъд низ аз собитқадамона меҳнат карда, ба халқи худ содиқона хидмат кунем, дар вилояти Сурхондарё пешрафту болоравии калон хоҳад шуд, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Дар сессия масъалаи ташкилӣ баррасӣ гардид. Сарвари давлатамон Улуғбек Қосимовро ба вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарё тавсия кард.

    У. Қосимов соли 1983 таваллуд шудааст. То соли 2018 дар вазифаҳои ҳокими ноҳияҳои Музработ ва Деҳнав, дар солҳои 2018-2022 прокурори вилоятҳои Сурхондарё ва Фарғона, шаҳри Тошканд кор кардааст.

    Аз моҳи декабри соли гузашта ӯ вазифаи ҳокими вилояти Сурхондарёро иҷро мекунад.

    Сарвари давлат пешниҳод кард, ки пеш аз тасдиқ намудани номзадӣ нақшаҳои ӯро шунаванд. Улуғбек Қосимов роҷеъ ба рушди соҳибкорӣ, саноат, кишоварзӣ дар вилоят, фароҳам овардани шароити муносиб барои зиндагии мардум андешаҳои худро баён кард.

    Сарвари давлат ин пешниҳодҳоро пазируфта, ба масъулин супоришҳои дахлдор дод.

    Вазифаи асосӣ бо кор таъмин намудани аҳолӣ ва зиёд кардани даромади он буд. Таъкид гардид, ки аз ҳисоби роҳандозии соҳибкории оилавӣ ва хонакорӣ дар маҳаллаҳо беш аз 60 ҳазор нафар, аз ҳисоби таъсис додани субъектҳои нави хоҷагидорӣ – 4 ҳазор нафар, аз ҳисоби ба бекорон касби замонавӣ омӯзондан – 20 ҳазор нафарро бо ҷойи корӣ таъмин кардан мумкин аст.

    Иқлими Сурхондарё барои хоҷагии қишлоқ хеле мусоид аст, маҳсулот барвақт мепазад. Дар давоми панҷ соли охир дар вилоят майдони зироатҳои асосии меваю сабзавот 2,5 баробар афзуд. Имсол ба аҳолӣ боз 8,5 ҳазор гектар замин ҷудо карда мешавад. Вобаста ба ин вазифа гузошта шуд, ки барои кишоварзон шароит фароҳам оварда, таъминоти обро беҳтар карда, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти озуқаро ду баробар зиёд намуда, содирот ба 250 миллион доллар расонда шавад.

    Дар зарфи панҷ соли охир ба саноати вилоят 30 триллион сӯм сармоя ҷалб карда, зиёда аз 5 ҳазор корхона ба кор андохта шуд. Истеҳсоли маҳсулот се баробар афзуд, содироти саноат ба 132 миллион доллар расид. Дар вилояти Сурхондарё чунин соҳаҳои нави саноат, монанди истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ, маснуоти чарму пойафзол, электротехника ба вуҷуд омаданд.

    Дар баробари ин дар вилоят захираю имкониятҳои истифоданашуда бисёранд. Муайян карда шуд, ки соли ҷорӣ 292 лоиҳаи саноатӣ ба истифода дода мешавад. Ин имкон медиҳад, ки 10 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис дода шаванд. Дастурҳо дода шуданд, ки воридот дар саноат ба 50 миллион доллар коҳиш дода, содирот ҳади ақалл ба 250 миллион доллар расонида шавад.

    Дар мулоқот масъалаҳои энергетика низ баррасӣ шуданд. Танҳо дар соли ҷорӣ дар НБО-и Тӯпаланг ва 3 НБО-и нави хурду кучак дар ноҳияи Сариосиё 350 миллион киловатт-соат қувваи электр истеҳсол карда мешавад. Дар ноҳияи Шеробод неругоҳи бузурги офтобӣ бо иқтидори 457 мегаватт ба кор медарояд. Нақшаҳои гузоштани панелҳои офтобии камиқтидор низ эълон карда шудаанд.

    Қарор шуд, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ дар вилояти Сурхондарё илова ба 1,5 триллион сӯм, ки дар барномаҳои давлатӣ барои соли ҷорӣ пешбинӣ шудааст, 465 миллиард сӯм ҷудо карда шавад. Инчунин дастур дода шуд, ки ба маҷмааи агросаноатӣ, лоиҳаҳои таъмини оби нӯшокӣ ва соҳибкорӣ 328 миллион доллари иловагӣ ҷалб карда шавад.

    Вазифаи бо манбаи даромад таъмин кардани 325 ҳазор нафар ва ба минтақаи аз камбизоатӣ ва бекорӣ озод табдил додани вилояти Сурхондарё гузошта шуд.

    Баъди тақдимот депутатҳои шӯрои вилоятӣ барномаи амалиёти номзадро муҳокима карданд. Масъалаи ташкилӣ ба овоз монда шуд. Бинобар натиҷаи он Улуғбек Қосимов ҳокими вилояти Сурхондарё тасдиқ гардид.

    Сарвари давлатамон таъкид намуд, ки нақшаҳои дар иҷлосия изҳоршуда бояд амалӣ шаванд, идораҳои масъул якҷоя бо ҳокими нави вилоят ба мардум софдилона хидмат кунанд.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates