Президенти Ӯзбекистон раиси Шӯрои оқсақолони Созмони давлатҳои туркиро қабул кард
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 18 феврал, баъди бозгашт аз Кувайт ба Тошканд раиси Шӯрои оқсақолони Созмони давлатҳои туркӣ, сиёсатмадори маъруф, собиқ Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Бинали Йилдиримро, ки барои ширкат дар чорабиниҳои байналмилалии соҳаи шаҳрсозӣ ба мамлакати мо омадааст, қабул кард.