Тавре ки хадамоти матбуотии Uzbekistan Airports хабар дод, соати 06:18 рейси HY5343 ширкати ҳавопаймоии Uzbekistan Airways, ки дар масири «Тошканд – Ҷидда» парвоз мекард, фуруд омад. Дар дохили ҳавопаймо мусофир набуд.

Соати 06:37 ба вақти маҳаллӣ рейси FZ1942 ширкати щавопаймоии Fly Dubai, ки дар хатсайри «Тошканд – Дубай» парвоз мекард, фуруд омад. Мусофирон муваққатан дар терминали фурудгоҳ ҷойгир карда шуданд.

Ҳамчунин дар фурудгоҳи Тошканд рейсщои зерин нишасти изтирорӣ анҷом доданд:

рейси SM882 ширкати Air Cairo дар масири «Алмато – Шарм-ул-Шайх» (соати 07:46);

рейси QR8985 ширкати Qatar Airways, ки аз «Сеул ба Доха» парвоз мекард (соати 07:57).

Ба мусофирон тавсия дода мешавад, ки маълумоти марбут ба ҳолати парвозҳоро аз ширкатҳои ҳавопаймоии худ дақиқ кунанд.