Се сол қабл дар мамлакатамон стратегияи рушди хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои солҳои 2020-2030 қабул гардида, ислоҳоти васеъмиқёс оғоз шуда буд. Аз ҷумла, содироти меваву сабзавот 1,7 баробар афзуда, 1,1 миллиард долларро ташкил дод. Дар натиҷаи ба механизмҳои бозорӣ гузаштан дар ғаллакорӣ даромади кишоварзон ду баробар афзуд. Соли ҷорӣ аз ҳисоби тақсими замин ба аҳолӣ барилова беш аз 1 миллион тонна маҳсулоти озуқаворӣ парвариш карда шуд.
Бинобар тағироти иқ-лим ва вазъияти мураккаби ҷаҳонӣ бехатарии озуқаворӣ мушкилоти ҷиддӣ мегардад. Интизор меравад, ки нархи маҳсулоти хоҷагии қишлоқ дар ҷаҳон хоҳад афзуд. Дар чунин вазъият дар навбати аввал бояд ниёзи аҳолӣ қонеъ гардонда шуда, имконоти содиротӣ пурра истифода гардад.
Дар ҷамъомад вазири хоҷагии қишлоқ дар бораи нақшаҳо дар ин самт гузориш дод.
Роҳбари давлат вазифаҳои муҳими соҳаро муқаррар намуд.
– Мо ба масъалаҳои хоҷагии қишлоқ беҳуда эътибор намедиҳем ва бесабаб муҳокима намекунем. Зеро он чоряки иқтисодиётамонро ташкил менамояд. Некӯаҳволии халқамон, собитнокии нарх, ҷойҳои кор ба он вобаста аст, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар навбати аввал масъалаи баланд бардоштани ҳосилнокӣ аз ҳисоби босамар истифода намудани захираҳои замин ва об баррасӣ гардид. Таъкид шуд, ки ба фермерон дар муайян намудани таркиби хок, интихоби тухмӣ, ҳимояи ҳосил аз зараркунандаҳо кумак бояд кард.
Бинобар ин пешниҳоди лазерӣ ҳамвор кардани 200 ҳазор гектар майдон маъқул дониста шуд. Барои замине, ки ҳосилнокӣ боло рафтааст, субсид ҷудо карда шуда, харҷи фермерон барои хариди дастгоҳҳои лазерӣ ҷуброн карда мешавад.
Вазифаи роҳандозии якҷоя бо ширкатҳои хориҷӣ дар бобати лоиҳаҳои идораи босамари захираҳои об дар минтақаҳо гузошта шуд.
Дар баробари замин ва об маблағгузорӣ дар ҷумлаи захираҳои муҳими хоҷагии қишлоқ қарор дорад. Бинобар ин дар ҷамъомад ногузирии вусъат додани дастрасии хоҷагиҳои фермерӣ ба захираҳои молиявӣ, содасозии дарёфти кредит ва субсид таъкид шуд.
Боз як самти муҳим – азнавкоркарди амиқи мева ва сабзавот. Аммо нишондодҳо дар ин самт паст мебошанд. Танҳо дар 20 фоизи боғҳо ва токзорҳо, 7 фоизи майдонҳои полиз усулҳои интенсив ҷорӣ гаштааст. Аз ин рӯ дар саноати озуқаворӣ 2 ҳазору 163 лоиҳа ташаккул ёфтааст. Дар натиҷаи татбиқи онҳо воридоти 25 намуд маҳсулоти хурокворӣ кам гардида, содирот меафзояд. Беш аз 37 ҳазор нафар бо кор таъмин мегардад.
Роҳбари давлат таъкид кард, ки арзиши изофа дар соҳаро ба осонӣ 3-4 маротиба аз ҳисоби азнавкоркарди амиқи маҳсулоти меваву сабзавот зиёд намудан мумкин аст. Барои ташкили паркҳои махсуси саноати озуқаворӣ дар ноҳияҳои Мирзообод, Деҳнав, Паркент, Уртачирчиқ, Урганч ва Қува супориш дода шуд.
Президент масъалаи рақамисозии хоҷагии қишлоқро алоҳида зикр намуд.
– Бе рақамисозии соҳа ҳисобу китоби аниқ вуҷуд дошта наметавонад. Бе маълумоти дақиқ хидмати аграрӣ инкишоф ёфта наметавонад, фермерҳо намедонад, ки кай ва чӣ шинонанд, чӣ даромади бисёр дода метавонад. Аз ин рӯ ин ҷараёнро тезондан лозим, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Вазифа гузошта шуд, ки то охири соли ҷорӣ 3 лоиҳа, соли оянда 4 лоиҳа ба охир расонда шуда, баҳисобгирии заминро пурра рақамӣ сохта, субсид ҷудо карда шуда, майдонҳои кишт мониторинг карда шаванд.
Дар маҷмӯъ мақсад гузошта шуд, ки дар соҳа 600 ҳазор ҷойи кории доимӣ ба вуҷуд оварда шуда, содирот соли оянда то 2 миллиард доллар расонда шавад.