Қувваи асосӣ ва пешбарандаи ин шаҳр Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ мебошад. Ба шарофати ин комплекс иқтисодиёт пеш меравад, дар шаҳр ҷойҳои кор, манзил, муассисаҳои фарҳангӣ ва таълим ба вуҷуд оварда мешаванд.
Имрўз бояд афзоиши муттасилро таъмин намуда, ҳамқадами замон шуд. Сарвари давлат вазифа мегузорад, ки ҳар як соҳа дар асоси илмӣ инкишоф дода шавад.
Мувофиқи ҳамин дар шаҳри Олмалиқ тайёр кардани кадрҳо ба роҳ монда шудааст. Аз ҷумла, дар шаҳр филиалҳои Донишгоҳи давлатии техникии Тошканд ва Донишкадаи пӯлод ва хулаҳои Москва кушода шуданд. Ба қарибӣ ғайр аз онҳо мактаби муҳандисии Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ ташкил карда шуд.
Президент нахуст бо фаъолияти ин мактаб шинос шуд.
Дар ин ҷо дар асоси таҷрибаи немисҳо ҳар сол 480 нафар муҳандисон тайёр карда, ҳазорҳо нафар коргарон ихтисоси худро такмил медиҳанд. Раванди таълим бо иштироки профессорону омӯзгорони хориҷӣ сурат мегирад.
Барномаи таълимӣ дар асоси усулҳои пешрафтаи таълимии Академияи маъданҳои кӯҳии Фрайберги Олмон, ширкатҳои "GP Günter Papenburg AG" ва "Aurubis AG" таҳия шудааст. Мувофиқи ин мактаб аз рӯи чунин самтҳо, аз қабили механика, металлургия, автоматикунонии истеҳсолот, ғанӣ гардондани канданиҳои фоиданок, энергетика бо таҷҳизоти замонавии таълимию амалӣ ҷиҳозонида шудааст.
Сарвари давлат аз ин ӯтоқҳо дидан карда, бо ҷавононе, ки дар ин ҷо таҳсил мегиранд, суҳбат намуд.
— Замона дигар мешавад, навоварӣ ба ҳар соҳа ворид мешавад. Барои мутахассиси соҳибихтисос шудан, шумо бояд доимо дар болои худ кор кунед. Ояндаи корхона дар рақамикунонӣ аст. Ҳар як шуъба, ҳар як марҳилаи истеҳсолот рақамӣ кунонда шавад, — гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар Комбинати маъдани кӯҳии Олмалиқ фабрикаи сеюми коркарду ғанигардонии мис сохта мешавад. Мутахассисон ба он аз ҳоло тайёр карда мешаванд.
Дар муддати кутоҳ дар ин ҷо зиёда аз 100 нафар ҷавонон таҳсил карда, аллакай дар корхонаҳои соҳа ба кор даромаданд.
Президент зарурати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии кори мактабро таъкид кард. Барои ин машғулиятҳо бояд мунтазам гузаронда шаванд ва аз ҳама муҳимаш бо амалия зич алоқаманд бошанд.
20 июни соли ҷорӣ оид ба масъалаҳои тайёркунии кадрҳо дар соҳаи муҳандисӣ ва минбаъд тамил додани фаъолияти муассисаҳои таълими олӣ ҷамъомади видеоселекторӣ баргузор гардид. Ҳамон вақт дар марҳилаи аввал таъсис додани 10 мактаби олии муҳандисӣ ба нақша гирифта шуд. Бо мақсади мустаҳкам намудани занҷири «саноат — корхона — мактаби олӣ» барои ҳар кадоми онҳо шарики саноатӣ муайян карда мешавад.
Мактабҳои муҳандисӣ дар ҳайати муассисаҳои таълими олӣ аз рӯи самтҳои пешқадам ташкил карда мешаванд. Дар онҳо математика, физика, химия, графикаи муҳандисӣ, информатика ва забонҳои хориҷиро амиқ омӯзонда мешавад. Бакалавриат ва магистратура аз рӯи схемаи «4+1» ташкил карда мешавад. Барои тайёр кардани кадрҳои мақсаднок ба шарикони саноат донишҷӯён аз курси дуюм аз рӯи ихтисос интихоб карда мешаванд.
Профессору омӯзгорони ин мактабҳо аз ҳисоби Бунёди «Эл-юрт умиди», шарики дахлдор ва донишгоҳ барои такмили ихтисос ба муассисаҳои пешбари хориҷӣ фиристода мешаванд. Шарикони истехсолӣ бо назардошти рушди соҳа лабораторияҳои ҳозиразамон бунёд мекунанд.