Дар Ӯзбекистон ғуломии пахта хотима ёфт, ҷамъоварии он дигар “ҷазо” ба ҳисоб намеравад - Corriere della Sera

    Нашрияи итолиёвии Corriere della Sera дар бораи тағйирот дар соҳаи пахтапарварӣ дар Ӯзбекистон ва нақши Президент Шавкат Мирзиёев дар решакан кардани меҳнати маҷбурӣ мақола чоп кард.

    Пас аз чанд рӯз дар Ӯзбекистон ба ҷамъоварии ҳосили пахта, якказироатӣ, ки дар тӯли даҳсолаҳо ҷазои амалӣ, пеш аз ҳама ба иллати ифлосшавӣ буд, оғоз меёбад. Нурию доруҳои заҳрнок ба замин зарар расонданд. Маҷрои тағйирёбандаи дарёи Аму барои обёрии киштзорҳои пахта боиси паст шудани сатҳи об гардид ва баҳри Арал тадриҷан хушк шуд. Ҷои онро биёбони Оролқум гирифт, ки дар ин ҷо дар пахтазор гербитсидҳо ба таври интенсивӣ истифода мешуданд ва ҳоло дар регҳои биёбон моддаҳои ифлоскунанда мавҷуданд. Шамолҳое, ки ба самти ғарб ва шарқ мевазад, регро ба масофаи дур мебарад. Пестисидҳои дар қум буда, дар Русия, ҷангалҳои Норвегия, пиряхҳои Гренландия ва ҳатто дар хуни пингвинҳои Антарктида пайдо шудаанд.

    Дар замони шӯравӣ, яъне то соли 1991 майдони пахта беш аз ду миллион гектар — 98 фоизи майдони кишти Ӯзбекистонро ишғол мекард. Истеҳсоли солона қариб 4,5 миллион тонна ашёи хоми пахтаро ташкил медод, ки ин бештар аз 60 фоизи тамоми истеҳсоли ИҶШС буд. Пахта барои аҳолии Ӯзбекистон ҷазо ҳам буд, зеро бояд ним миллион нафар калонсолон ва ду миллион нафар бачаҳо ҳосилро чида мегирифтанд. Таҳти шиори «Ҳама ба пахтачинӣ тайёр» ба пахтазор баромадан вазифаи асосӣ буд, аз ин роҳи гурез набуд. Ҳамаи дигар корҳо ба ҳоли худ гузошта шудаанд. Донишгоҳҳо, мактабҳо ва беморхонаҳо баста шудаанд. Духтурон, ҳамшираҳои шафқат, муаллимон ва донишҷӯён аз ҳама бештар ба остин барзада пахта чидан маҷбур шудаанд. Дар ин мусобиқаи байнивилоятӣ, ки ба воситаи телевизиони маҳаллӣ низ намоиш дода мешуд, тамоми аҳли ҷамъияти Ӯзбекистон иштирок мекард. Вилояте, ки аз ҳама бештар «тиллои сафед» ҷамъоварӣ кардааст, ғолиб дониста мешуд.

    Ҳоло дар пахтазорони Ӯзбекистон на духтур, на муаллим, на профессорони мактабҳои олӣ ва на бачаҳо ҳастанд. Тибқи таҳқиқоте, ки Созмони байналмилалии беҳнат (СБМ дар Женева) бо ҳамкории Бонки ҷаҳонӣ анҷом додааст, Тошканд ниҳоят ба кори маҷбурӣ дар давраи истеҳсолии соли 2021 хотима дода тавонистааст. Бо нашри маълумоти СБМ, бузургтарин ширкатҳои нассоҷии ҷаҳон бойкоти пахтаи Ӯзбекистонро бекор карданд ва барои Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ дарҳои имконоти нав боз шуд.

    Ба навиштаи рӯзномаи итолиёвӣ, Мирзиёев, ки аз соли 2016 дар сари қудрат аст, дарҳол Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид алайҳи меҳнати маҷбурӣ ва кӯдаконро ратификатсия кард, сипас ба либерализатсияи иқтисод ва беҳбуди равобити дипломатӣ бо кишварҳои ҳамсоя таваҷҷуҳ кард.

    Имрӯзҳо деҳқонони Ӯзбекистон маҳсулоти дилхоҳи худро парвариш карда ва ҳатто онҳоро экспорт ҳам карда метавонанд. Онҳое, ки дар замин кор кардан, ё пахта чидан мехоҳанд, онро пулакӣ анҷом медиҳанд.

    Навоварии дигари солҳои охир кластерҳо, яъне воҳидҳои истеҳсолии амудӣ мебошанд, ки аз парвариши ин якказироат фаъолият намуда, бо истеҳсоли риштаи пахта, матоъ ва баъдан маҳсулот барои содирот анҷом меёбанд. Ӯзбекистон ҳоло на пахта, балки маҳсулоти тайёре, ки аксаран тамғаи ширкатҳои бузурги ғарбӣ гузошта мешавад, содир мекунад.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates