– Дар нӯҳ соли охир мо якҷо бо шумо, ҳамроҳ бо мардуми худ роҳи бузурги рушдро тай кардем. Иқтисодиёти мо сифатан дигар шуд, муносибатҳои бозориро густариш додем, ҳифзи иҷтимоиро тақвият бахшидем, волоияти қонунро мустаҳкам намудем. Муҳимтар аз ҳама, натиҷаҳои ислоҳот имрӯз дар зиндагии ҳаррӯзаи ҳар як маҳалла, ҳар як оила ва ҳар як инсон эҳсос мешаванд, – гуфт Сарвари давлат дар оғози суханронии худ.

Ба шарофати идомаи пайгирона ва қатъии ислоҳоти демократӣ, сарфи назар аз ҳама мушкилиҳо, дастгирии мардум, ҳавас ва нерӯи ҷавонон, таҳкими нақши маҳалла дар ҳаёти ҷомеа, тағйири шуур ва ҷаҳонбинии мардум, тақвияти ваҳдати ҳамватанон, ташаббускорӣ ва заҳмати мардонаи соҳибкорон, деҳқонон ва фермерон, инчунин сиёсати хориҷии дӯстона, ки бар ҳамкории судманд асос ёфтааст, соли 2025 дар ҳамаи соҳаҳо дастовардҳои назаррас ба даст омаданд.

Бори аввал дар таърихи кишвар ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 145 миллиард доллар гузашт. Қайд гардид, ки дар соли ҷорӣ содирот 23 фоиз афзуда, ба 33,4 миллиард доллар расонида мешавад. Муҳимтар аз ҳама, захираҳои тиллову асъор бори аввал аз 60 миллиард доллар зиёд шуданд.

Ҳаҷми сармоягузориҳои хориҷие, ки ба иқтисодиёт ҷалб гардидаанд, ба 43,1 миллиард доллар расид. Ҳиссаи сармоягузорӣ дар ММД 31,9 фоизро ташкил медиҳад. Оҷонсиҳои пешбари байналмилалии рейтингӣ рейтинги қарзии соҳибихтиёронаи кишварро аз сатҳи «BB-» ба «BB» баланд бардоштанд.

Дар натиҷаи ислоҳоти амиқ дар соҳаи энергетика ҳаҷми истеҳсоли нерӯи барқ ба 85 миллиард киловатт-соат расонида шуд.

Имсол бори аввал 715 ҳазор нафар сокини 188 маҳалла бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин гардиданд, барои қариб 2 миллиону 300 ҳазор нафари дигар таъминоти об беҳтар шуд.

Дар соли ҷорӣ 5 миллион нафар ба манбаъҳои устувори даромад соҳиб шуданд, сатҳи бекорӣ аз 5,5 то 4,9 фоиз поин рафт. Тақрибан 1,5 миллион шаҳрванди ниёзманд аз камбизоатӣ раҳо ёфтанд, бори аввал 1 ҳазору 435 маҳалла ба ҳудудҳои «аз камбизоатӣ озод» табдил ёфтанд.

168 ҳазор кӯдак аз оилаҳои камбизоат бо шартҳои имтиёзнок ба кӯдакистонҳои давлатӣ қабул карда шуданд. Аз ҳамин сол дар 208 кӯдакистон бори аввал низоми таҳсилоти фарогир (инклюзив) ҷорӣ гардид.

Сатҳи камбизоатӣ дар кишвар дар як сол аз 8,9 фоиз то 5,8 фоиз коҳиш ёфт.

– Вақте ки мо ин ислоҳотро оғоз кардем, сеяки аҳолӣ дар остонаи камбизоатӣ зиндагӣ мекард. Бо ҷорӣ намудани низоми комилан нави ҳифзи иҷтимоӣ тавассути беш аз 100 навъи хизматрасонӣ – қарзҳо, субсидияҳо ва ҷубронпулӣ – ва супоридани онҳо мустақиман ба «ҳафтгона» дар маҳаллаҳо, мо ба он муваффақ шудем, ки зиёда аз 8,5 миллион нафар аз камбизоатӣ бароянд ва бекорӣ ду баробар коҳиш ёбад.

Дар натиҷа, ҳадафи ду баробар коҳиш додани камбизоатӣ то охири соли 2026 аллакай дар ҳамин сол ба даст оварда шуд, – гуфт Президент.

Қайд гардид, ки ҷавонони боистеъдод бо ноил шудан ба дастовардҳои бузург дар соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, санъат, варзиш ва дигар бахшҳо дар рушди Ӯзбекистони Нав саҳми арзанда мегузоранд.

Дар солҳои охир кишвар барои баррасии масъалаҳои глобалӣ ба майдони байналмилалӣ табдил ёфта истодааст.

Аз ҷумла, имсол Ӯзбекистон ба 150-солагии Ассамблеяи Иттиҳоди байнипарламентӣ, иҷлосияи Конфронси генералии ЮНЕСКО, саммити «Осиёи Марказӣ – Иттиҳоди Аврупо» ва Форуми байналмилалии иқлимӣ мизбонӣ намуд.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки моҳи март дар мулоқоти роҳбарони Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон дар шаҳри Хуҷанд бори аввал Шартномаи таърихӣ оид ба нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ба имзо расид ва «Эъломия дар бораи дӯстии абадӣ» қабул шуд.

Дар Мулоқоти машваратии ахири сарони давлатҳои минтақа, ки дар Тошканд баргузор гардид, ғояи таъсиси формати стратегӣ — Иттиҳоди Осиёи Марказӣ — барои ба сатҳи сифатан нави рушд баровардани равандҳои ҳамгироӣ пешниҳод шуд. Қарори қабул намудани Ҷумҳурии Озарбойҷон ба формати Осиёи Марказӣ ҳамчун иштирокчии комилҳуқуқ аҳамияти таърихӣ дошт.

Ба гуфтаи Президент, ин иқдом, бешубҳа, ҳамбастагии стратегӣ ва устувории робитаҳо миёни Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубиро тақвият мебахшад.

Моҳи октябр дар Брюссел Созишнома оид ба шарикии васеъ ва ҳамкорӣ миёни Ӯзбекистон ва Иттиҳоди Аврупо ба имзо расид. Саммити «Осиёи Марказӣ – ИМА», ки моҳи ноябр баргузор шуд, ба баровардани шарикии бисёрҷониба ва дарозмуддат ба марҳилаи сифатан нав мусоидат кард. Ҳафтаи гузашта дар Токио, дар мулоқоти роҳбарони давлатҳо дар формати «Осиёи Марказӣ + Ҷопон», оид ба маориф, тиб, технологияҳои рақамӣ, инфрасохтор ва саноат созишҳои муҳим ба даст омаданд.

Дар оғози ҳамин ҳафта дар Санкт-Петербург мулоқот бо роҳбарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор гардид, ки он низ самтҳои нави ҳамкориро муайян намуд.

– Ҳамаи ин робитаҳои байналмилалии моро бо мазмуни нав ғанӣ мегардонад. Мо минбаъд низ пулҳои ҳамкориро бо кишварҳои наздик ва дур — миёни Шарқ ва Ғарб, Шимол ва Ҷануб — бунёд хоҳем кард, – таъкид намуд Президент.

Қайд карда шуд, ки маҳалла ва ҳамсоягии нек арзишҳои якдигарро такмилдиҳанда мебошанд, ки дар таҳкими сармояи иҷтимоӣ саҳми бебаҳо мегузоранд.

Он далел, ки 90 фоизи респондентҳои пурсиш худро қисми ҷомеаи маҳалла мешуморанд, сатҳи баланди иштирок дар сарнавишти Ватанро тасдиқ мекунад ва нишон медиҳад, ки ин ниҳод, пеш аз ҳама, манбаи ҳамбастагии иҷтимоӣ аст.

– Ҳар қадаре, ки таърихи мо бо санҷишҳои сангин ҳамроҳ бошад, мо ҳамеша қувватро аз ваҳдат гирифтаем. Дар рӯзҳои душвор мардум ва маҳалла такягоҳи якдигар шуда, мушкилиҳоро якҷо паси сар мекарданд. Оила ба оила, ҳамсоя ба ҳамсоя ёрӣ мерасонд. Мо бояд ҳамеша ба ин арзиши нодир содиқ бимонем ва ҷавононро дар ҳамин рӯҳия тарбия намоем.

Албатта, дар ҷомеа метавонанд андеша ва дидгоҳҳои гуногун вуҷуд дошта бошанд — ин яке аз талаботи асосии демократия мебошад.

Аммо як идеяи бузург ҳаст, ки мардуми 38-миллионнафараи моро, новобаста аз забон, миллат ва дин, муттаҳид месозад. Ин манфиатҳои Ватан ва манфиатҳои мардуми мост.

Дар расидан ба ин ҳадафи олӣ нақш ва таъсири маҳалла воқеан бебаҳост. Зеро агар дар маҳалла сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмфармо бошад, тамоми ҷомеа низ осоишта ва муттаҳид хоҳад буд. Ободии маҳалла — кафолати шукуфоии тамоми кишвар аст, – гуфт Президент.

Бо дарназардошти ҳамаи ин, Сарвари давлат пешниҳод намуд, ки соли 2026 дар кишвари мо «Соли рушди маҳалла ва пешрафти ҷамъият» эълон карда шавад.

Иштирокчиён ин ташаббусро фаъолона дастгирӣ карданд.

Дар барномаи соли нав чунин вазифаҳои афзалиятнок, аз ҷумла табдил додани зиёда аз 9 ҳазор маҳаллаи кишвар, пеш аз ҳама, ба фазоҳои ҳамдигарфаҳмӣ ва ғамхорӣ, ҳамбастагӣ, адолат ва тарбия инъикос хоҳанд ёфт.

– Мо ба марҳилаи калидии бунёди Ӯзбекистони Нав ворид мешавем. Ҳадафҳои муайяншуда дигаргунсозиҳои амиқро дар ҳар як соҳа ва бахш талаб менамоянд.

Мо дар назди худ ҳадафи мушаххас гузоштаем: дар солҳои наздик ба гурӯҳи кишварҳои дорои даромади миёнаи баланд ворид шудан.

Аз водии Фарғона то минтақаи Наздиарал, аз водии Зарафшон то Қашқадарё ва Сурхондарё, аз Тошканд то Ҷиззах ва Сирдарё — ҳар як шаҳрванди мо, новобаста аз он ки дар кадом гӯшаи кишвар зиндагӣ мекунад, бояд аз имрӯз натиҷаҳои ислоҳотро дар ҳаёти ҳаррӯзаи худ эҳсос намояд.

– Аз ин рӯ, соли фарорасандаи 2026 ба марҳилаи ҳалкунанда дар рушди ҳамаи соҳаҳо, махсусан идоракунии давлатӣ, низоми суду ҳуқуқ, бахшҳои иқтисод, маориф, илм, тиб, фарҳанг, варзиш ва экология табдил меёбад, – таъкид намуд Президент.

Сарвари давлат алоҳида ба самтҳои муҳимтарини соли 2026 таваҷҷуҳ зоҳир кард.

Самти аввалини афзалиятнок — боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори маҳаллаҳо ва додани симои муосири Ӯзбекистони Нав ба онҳо мебошад.

Корҳо оид ба рушди ҳамаҷонибаи ҳудудҳо, беҳтар намудани намуди зоҳирӣ ва ободонӣ идома меёбанд.

Аз соли оянда равиши комплексӣ ба рушди маҳалла ҷорӣ карда мешавад. Ислоҳоти нав дар соҳаи урбанизатсия ва рушди устувори шаҳрҳо оғоз мегардад.

Идомаи сиёсати дастгирии соҳибкорӣ дар соли 2026 бетағйир нигоҳ доштани меъёрҳои асосии андоз ва равона намудани беш аз 10 триллион сӯм ба лоиҳаҳои инфрасохтори соҳибкорӣ хоҳад буд. Барои рушди соҳибкории хурд ва миёна 140 триллион сӯм ҷудо карда мешавад, ки аз он 43 триллион сӯм барои дастгирии соҳибкории занон ва ҷавонон пешбинӣ мегардад.

Самти дуюми афзалиятнок — гузаронидани иқтисодиёт ба модели рушди технологӣ ва инноватсионӣ мебошад.

Таъкид шуд, ки минбаъд ҳар як доллари сармоягузорӣ пеш аз ҳама бояд ба интиқоли технологияҳои пешрафта, истеҳсоли маҳсулоти дорои арзиши иловагии баланд бо бозорҳои мушаххаси фурӯш, баланд бардоштани самаранокии истифодаи нерӯи барқ, об, замин ва дигар захираҳои табиӣ, омӯзонидани мутахассисони маҳаллӣ ба корбурди технологияҳои нав ва афзоиши ҳосилнокии меҳнат хидмат намояд.

Барномаи рушди саноат бо гузариш ба марҳилаи нави технологӣ ва васеъ намудани занҷираҳои арзиши иловагӣ роҳандозӣ карда мешавад. Дар соли 2026 оғози 782 лоиҳаи нави саноатӣ ва инфрасохторӣ ба маблағи 52 миллиард доллар пешбинӣ шудааст. Ҳамон сол 228 иқтидори нави бузург ба маблағи 14 миллиард доллар ба истифода дода мешаванд.

Пешбинӣ мешавад, ки соли оянда афзоиши иқтисодӣ ба 6,6 фоиз расида, ҳаҷми ММД то 167 миллиард доллар боло хоҳад рафт.

Корхонаҳое, ки дар асоси инноватсия маҳсулоти баландтехнологӣ истеҳсол мекунанд, бо тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ фаро гирифта мешаванд. Даромади мутахассисони корхонаҳо, ки аз корҳои илмӣ-тадқиқотӣ ва коркардҳои конструкторӣ ба даст меояд, аз андоз озод карда мешавад.

Соли оянда дар шаҳрҳои Тошканд, инчунин дар вилоятҳои Бухоро, Фарғона ва Тошканд 4 маркази маълумотҳо, 2 суперкомпютер ва дар 15 муассисаи таҳсилоти олӣ лабораторияҳои зеҳни сунъӣ ба фаъолият оғоз мекунанд. Ин имкон медиҳад, ки беш аз 100 лоиҳаи зеҳни сунъӣ дар чунин соҳаҳои муҳим, аз қабили тиб, нақлиёт, кишоварзӣ, геология, низоми бонку молия ва амнияти ҷамъиятӣ амалӣ гарданд.

– Имрӯз мехоҳам ба шумо боз як хабари муҳимеро расонам. Бори аввал дар таърихи Ӯзбекистони мустақил мо корҳои ба кайҳон баровардани моҳвораи сунъӣ ва омодагӣ ба парвози нахустин кайҳоннаварди ӯзбек — шаҳрванди кишварамонро оғоз намудем, – гуфт Президент.

Самти сеюми афзалиятнок — ҳавасмандгардонии талабот дар бозори дохилӣ мебошад.

Дар тӯли нӯҳ сол муҳити мусоиди соҳибкорӣ ташаккул ёфта, ҳаҷм ва гуногунрангии молу хизматрасониҳо афзоиш ёфт. Ба шарофати он ки ба оилаҳои камбизоат ҳар сол на камтар аз 1 миллиард доллар қарзҳои дастрас дода мешаванд, сатҳи таваррум то нишондиҳандаҳои «якрақама» поин бурда шуд ва қобилияти харидории аҳолӣ ду баробар афзуд.

Бо дарназардошти эҳтиёҷоти аҳолӣ, соли 2026 барои ипотека — муҳимтарин воситаи ташаккулдиҳандаи талабот дар иқтисод — 23 триллион сӯм захира ҷудо карда мешавад. Барои субсидия намудани қисми пардохти ибтидоӣ ва фоизҳои қарз ҳангоми хариди манзил 2 триллиону 700 миллиард сӯм равона мегардад. Илова бар ин, ҳаҷми қарзи имтиёзноки ипотека барои як манзил 15 фоиз зиёд карда мешавад.

Барои ҳавасмандгардонии талабот ба хизматрасониҳо соли 2026 ба соҳа 85 триллион сӯм қарз ва 9 триллион сӯм субсидия дода мешавад. Аз ҷумла, барои хизматрасониҳои таълимӣ аз буҷет 7 триллион сӯм ҷудо мегардад.

Ҳадафи баланд гузошта шудааст: дар панҷ сол шумораи сайёҳони хориҷиро ду баробар афзоиш дода, ҳаҷми хизматрасониҳои сайёҳиро ба 20 миллиард доллар расондан. Бо ин мақсад ба рушди инфрасохтори сайёҳӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад.

Афзоиши ҷараёни сайёҳон ду баробар зиёд намудани иқтидори нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳанро барои ҳамлу нақли мусофирон талаб мекунад. Аз ин рӯ, соли 2026 шумораи ҳавопаймоҳо дар парки авиатсионӣ ба 120 расонида мешавад.

Барномаи панҷсолаи рушди шабакаи дохилии роҳи оҳан қабул мегардад. Барои пайваст намудани шаҳрҳо бо қатораҳои баландсуръат аз соли 2026 сохтмони боз 500 километр роҳҳои оҳан оғоз мешавад. Ҳамчунин, барномаи панҷсолаи баланд бардоштани сифати роҳҳои автомобилгард ва рушди минбаъдаи иқтидори транзитӣ амалӣ хоҳад шуд.

Самти чоруми афзалиятнок — рушди касбҳо ва ташаккули меъмории нави бозори меҳнат.

Имрӯз зери таъсири технологияҳои нав, рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ дар ҷаҳон шумора, шакл ва муҳтавои ҷойҳои корӣ босуръат тағйир меёбанд. Дар панҷ соли наздик 30 фоизи касбҳои мавҷуда пурра автоматикӣ мешаванд ва барои 50 фоизи онҳо ташаккули малакаҳои нав зарур мегардад.

– Акнун бозори меҳнати кишвари мо бояд бар асоси меъмории комилан нав — ҳамчун механизми ягона, ки касб, тахассус, технология ва маорифро муттаҳид месозад, фаъолият намояд, – гуфт Президент.

Аз соли 2026 ҳамасола на камтар аз 100 техникум пурра таъмир ва мутобиқи касбҳои технологӣ ва серталаб муҷаҳҳаз карда мешаванд. Шумораи техникумҳое, ки дар онҳо барномаҳои пешрафтаи таълимии Олмон, Швейтсария, Британияи Кабир, Чин, Ҷумҳурии Корея ва дигар кишварҳо ҷорӣ шудаанд, ба 100 расонида мешавад.

Соли 2026 дар 7 минтақа ва соли 2027 дар дигар ҳудудҳо Техникуми маҳорати касбии пешрафта ва «Шаҳраки касбҳо» ба фаъолият оғоз мекунанд.

Дар низоми тандурустӣ барои рушди таҳсилоти касбӣ якҷо бо ширкати британии «Пирсон» дар як техникуми ҳар минтақа тайёр намудани ҳамшираҳои тиббӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ оғоз шудааст. Акнун дар ин техникумҳо инчунин барномаҳои таълимии Олмон, Швейтсария, ИМА, Ҷопон ва дигар кишварҳо ҷорӣ карда мешаванд.

Дар ин замина ҳайати ҳамшираҳои тиббӣ ташаккул меёбад, ки ба талаботи байналмилалӣ ҷавобгӯ буда, забонҳои хориҷиро медонанд.

Самти панҷуми афзалиятнок — таъмини тавозуни экологӣ, рушди энергетикаи «сабз» ва истифодаи оқилонаи захираҳои об мебошад.

Барои корхонаҳои бузург навбати қарзи 100 миллион долларӣ ҷиҳати насби полоишҳо, иншооти тозакунӣ ва пойгоҳҳои мониторинги партовҳои моддаҳои зараровар боз карда мешавад.

Таъкид гардид, ки тирбандшавии нақлиёт дар шаҳрҳо на танҳо зиндагии мардумро мушкил мегардонад, балки ба экология зарари ҷиддӣ мерасонад. Аз ин рӯ, бо такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ, низоми стикерҳои экологӣ барои автомобилҳо вобаста ба сатҳи партовҳои зараровар ҷорӣ карда мешавад.

Барои автомобилҳое, ки сатҳи партовҳояшон баланд аст, вуруд ба пойтахт, марказҳои вилоятҳо ва шаҳрҳо маҳдуд карда мешавад. Барои иваз намудани чунин нақлиёт ё насби полоишҳо тадбирҳои дастгирии давлатӣ пешбинӣ мешаванд.

Ба онҳое, ки хоҳиши иваз кардани мошини кӯҳнаро доранд, қисми фоизҳои қарзи автомобилӣ ҷуброн карда мешавад. Ба ронандагоне, ки омодаанд филтр насб намуда, сатҳи зарарро коҳиш диҳанд, барои қисми хароҷот субсидия дода мешавад.

Рушди нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тошканд ва шаҳрҳои калон вазифаи афзалиятнок мегардад.

Барномаи панҷсолаи зиёд намудани ҳиссаи автомобилҳои экологӣ амалӣ мешавад. Барои электромобилҳои истеҳсоли ватанӣ қарзҳои автомобилӣ бо 12 фоиз, барои воридотӣ — бо 16 фоиз пешниҳод мегарданд.

Ба соҳибкорон барои бунёди истгоҳҳои пуркунандаи барқ қарзҳои имтиёзнок бо 10 фоиз дода мешаванд, инчунин имкони хариди замин дар музояда бо нархи ду баробар арзон фароҳам меояд.

Дар истгоҳҳои пуркунандаи барқ қисми арзиши нерӯи барқ, ки аз 300 сӯм барои 1 киловатт-соат зиёд аст, аз ҳисоби буҷети давлатӣ ҷуброн карда мешавад. Як қатор имтиёзҳо, инчунин ба шаҳрвандоне дода мешаванд, ки бо электромобилҳо хизмати таксӣ мерасонанд.

Барои пешгирии тӯфонҳои ғуборолуд дар вилояти Сурхондарё дар 10 ҳазор гектар «камарбанди сабз» ташкил карда мешавад, дар вилояти Сирдарё бошад — «девори сабз»-и 84-километра бунёд мегардад. Дар Қароқалпоқистон, Хоразм, Бухоро ва Навоӣ 250 ҳазор гектар замин, аз ҷумла 115 ҳазор гектар дар қаъри хушкшудаи баҳри Арал кабудизор карда мешавад. Дар ҳар як минтақа боғҳои ботаникӣ ва дендрологӣ, инчунин 20 кӯчаи сайругашти сояафкан бунёд хоҳанд шуд.

Дар маҷмӯъ, соли 2026 барои соҳаи экология 1 триллиону 900 миллиард сӯм равона карда мешавад.

Барои чорабиниҳои ҷорӣ намудани технологияҳои сарфакунандаи об дар соли 2026-ум 3 триллиону 300 миллиард сӯм ҷудо мегардад.

Ҳамчунин 1 300 километр каналҳои асосии магистралӣ бо бетон пӯшонида мешаванд, ки ин имкон медиҳад ҳамасола то 500 миллион метри мукааб об иловатан сарфа гардад. Илова бар ин, барномаи алоҳида оид ба гузаронидани дренажҳо ва коллекторҳои кушодаи маҳаллӣ ба низоми пӯшида қабул мешавад. Лоиҳаҳои бузург оид ба гузаронидани каналҳо ба низоми пӯшида оғоз меёбанд.

Дар доираи барномаи васеъ ба маблағи 160 миллион доллар дар шаҳри Тошканд 150 километр низоми дренажии пӯшида бунёд шуда, 197 километр каналҳо ва коллекторҳо таъмир, инчунин 63 километр каналҳои нав сохта мешаванд, ки ин ба ташаккули иқлими сардтар дар шаҳр мусоидат мекунад.

Самти шашуми афзалиятнок — идомаи ислоҳот дар самти ташкили идоракунии муосири давлатӣ ва низоми одилонаи суду ҳуқуқ мебошад.

Пеш аз ҳама, аз соли 2026 платформаи «Ҳукумати электронӣ» пурра навсозӣ мегардад.

Аз ин пас беш аз ҳазор хизматрасонии давлатӣ, зиёда аз 5 ҳазор вазифа ва функсия, 240 пойгоҳи маълумотҳо ва низомҳои иттилоотӣ, инчунин ваколатҳои беш аз 100 ҳазор хизматчии давлатӣ дар сатҳи маҳалла, ноҳия, вилоят ва ҷумҳурӣ ба Платформаи ягонаи рақамӣ муттаҳид карда мешаванд.

– Муҳимтар аз ҳама, мо экосистемаи пешниҳоди хизматрасониҳои давлатиро бе омили инсонӣ, озод аз коррупсия ва бюрократияи зиёдатӣ таъсис медиҳем. Низоми хизматрасониҳои проактив ва комплексии давлатиро рушд медиҳем, – таъкид намуд Президент.

Минбаъд ҳолатҳои хариди мустақими мол, кор ва хизматрасониҳо дар харидҳои давлатӣ танҳо бо қонун муайян карда мешаванд.

Дар доираи ислоҳоти конститутсионӣ мансабҳои ҳокимони вилоятҳо ва раисони шӯроҳои маҳаллӣ ҷудо карда шуданд. Акнун аз соли 2026 ин низом инчунин дар 208 ноҳия ва шаҳр ҷорӣ мегардад.

Президент аҳамияти нақши ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар таъмини самаранокии ислоҳот таъкид намуд. Аз ин рӯ, сиёсати дастгирии онҳо идома меёбад. Аз ҷумла, стратегияи панҷсолаи рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия карда мешавад.

– Бори дигар таъкид мекунам: дар давраи навсозии густарда мо ҳеҷ гоҳ аз сиёсати ошкоро рӯй намегардонем. Таъмини озодии сухан ва матбуот вазифаи афзалиятноки мо боқӣ мемонад, – изҳор дошт Президент.

Корҳо ҷиҳати наздик кардани низоми суду ҳуқуқ ба шаҳрвандон пайваста идома меёбанд.

Таъкид шуд, ки нақш ва иштироки ҷомеа дар татбиқи суди одил васеъ карда мешавад. Дар раванди ҷиноятӣ зина ба зина институти «ҳакамон» ҷорӣ мегардад — механизме, ки дар кишварҳои ҳуқуқи англосаксон самараи мусбӣ нишон додааст.

Мубориза бо ҷиноятҳои марбут ба маводи мухаддир ба ҳаракати умумимиллӣ табдил дода мешавад ва дар ҷомеа муҳити тоқатнопазирӣ нисбат ба ин офат ташаккул меёбад.

Супориш дода шуд, ки бо ҷалби тамоми ниҳодҳои давлатӣ ва ҷомеаи васеъ низоми самараноки пешгирии зӯроварӣ нисбат ба зан ва кӯдак таъсис дода, ба чунин падидаҳои манфӣ хотима гузошта шавад.

– Коррупсия — хатарноктарин таҳдидест, ки ба рушди давлат монеа эҷод мекунад, адолат ва волоияти қонунро заиф месозад ва фазои эътимодро дар ҷомеа коста мегардонад. Роҳ додан ба коррупсия маънои хиёнат ба ислоҳоти моро дорад!

Соли 2026 мо дар мубориза бо ин таҳдид «вазъияти фавқулода» эълон мекунем, – гуфт Сарвари давлат.

Дар ҳамаи идораҳо мансаби муовини роҳбар, ки масъули комплаенс ва назорати дохилии зиддикоррупсионӣ мебошад, ҷорӣ карда мешавад. Фаъолияти намояндаи Палатаи ҳисоб ба роҳ монда мешавад. Масъулияти шахсӣ барои ҳар як сӯми маблағ ва захираҳои давлатӣ пурзӯр карда мешавад.

Қайд гардид, ки дар пасманзари тақвияти чолишҳои геосиёсӣ ва иқтисодӣ дар ҷаҳон, корҳо оид ба таҳкими минбаъдаи муносибатҳои баробарҳуқуқ ва созанда бо ҳамаи давлатҳо, инчунин пешбурди сиёсати мутавозин ва ошкорои хориҷӣ идома хоҳанд ёфт. Ҳамкорӣ бо созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин ниҳодҳои иқтисодӣ ба марҳилаи нав бароварда мешавад.

– Натиҷаҳои бузурги бадастомада ва вазифаҳои нави афзалиятнок бознигарии Стратегияи «Ӯзбекистон – 2030»-ро тақозо мекунанд. Ин ҳуҷҷат, ки рушди кишварро барои панҷ соли наздик муайян месозад, ба муҳокимаи васеи ҷомеа пешниҳод шуда, бо дарназардошти андеша ва пешниҳодҳои аҳолӣ такмил дода мешавад, – таъкид намуд Президент.

Қайд карда шуд, ки соли оянда санаҳои муҳими ҳаёти иҷтимоӣ-фарҳангӣ ба таври васеъ ҷашн гирифта мешаванд. Аз ҷумла, таҷлили 35-солагии истиқлолияти Ватани мо бо шукуҳи хос баргузор мегардад. Ҳамчунин зарурати аз ҳозир оғоз намудани омодагӣ ба санаҳои ҷашнии зодрӯзи Соҳибқирон Амир Темур ва Мир Алишер Навоӣ таъкид шуд.

– Имрӯз худи таърих, худи зиндагӣ бар дӯши мо масъулияти бузург мегузорад. Ватани мо ба кишвари инсонҳои озод, мустақил ва соҳибандеша табдил меёбад, ки дар асоси муносибатҳои нави сиёсӣ-ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ ва маънавӣ зиндагӣ ва меҳнат мекунанд.

Агар мо якҷо, ҳамчун як халқ амал кунем, ҳатман ба ҳадафҳои бузурги гузошташуда мерасем! Ман ба халқи шуҷоъ ва олиҷаноби худ бовар дорам! Ман ба нерӯ ва имкониятҳои бепоёни Ӯзбекистон, ба ирода ва нерӯи ҷавонони мо эътимод дорам! – гуфт Президент дар анҷоми Муроҷиатнома.