Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия вусъат хоҳад ёфт

    Ҳукумат 22 Noyabr 2021 5113

    Президент Шавкат Мирзиёев 22 ноябр оид ба масъалаҳои васеъ гардондани истифода ва рушди манбаҳои барқароршавандаи энергия ҷамъомад баргузор намуд.

    Тавре ки маълум аст, захираҳои манбаъҳои анъанавии энергия, аз қабили нафт ва газ маҳдуданд. Илова бар ин, истифодаи онҳо ба муҳити зист зарари калон мерасонад. Аз ин рӯ, кишварҳои пешрафта гузаришро ба энергетикаи «сабз» шурӯъ кардаанд, ки гарави рушди устувори ҳам имрӯз ва ҳам оянда мебошад.

    Дар мамлакати мо низ дар ин бобат кори васеъмиқёс оғоз ёфтааст Ҳамин тариқ, 21 майи соли 2019 Қонун «Дар бораи истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия» қабул гардид, ки барои рушди соҳа заминаҳои заруриро гузоштанд. Сармоягузорони хориҷӣ ҷалб гардиданд, бисёр лоиҳаҳои ояндадор таҳия гардиданд.

    Моҳи августи соли ҷорӣ дар вилояти Навоӣ нахустин неругоҳи фотоэлектрикӣ дар кишвар ба кор даромад. Моҳи оянда дар Самарқанд боз як ҳамин гуна нерӯгоҳ ба истифода дода мешавад. Дар маҷмӯъ, солҳои 2022-2024 аз ҳисоби сармоягузории мустақими хориҷӣ ба маблағи 3 миллиард доллари ИМА бунёди 10 нерӯгоҳи офтобӣ ва шамол бо иқтидори умумии тақрибан 3 ҳазор мегаватт пешбинӣ шудааст.

    Дар ҳамоиши байналмилалии иқлим, ки ахиран дар Глазгои (Шотландия) баргузор шуд, Ӯзбекистон эълон намуд, ки ният дорад то соли 2030 партобҳои хоси газҳои гулхонаиро ба як воҳиди маҳсулоти дохилии кишвар то 35 дарсад коҳиш диҳад. Барои ин тамоми асосҳо вуҷуд доранд. Аз ҷумла, то соли 2026 мақсад гузошта шудааст, ки иқтидори умумии нерӯгоҳҳои офтобӣ ва бодӣ дар кишвар ба 8 ҳазор мегаватт расонда шавад.

    Дар ҷаласаи имрӯза вазифаҳое, ки барои расидан ба ҳадафи гузошташуда иҷро мешаванд, ҷанбаҳои молиявӣ ва ташкилӣ баррасӣ шуданд.

    Соли оянда дар вилоятҳои Хоразм, Бухоро, Қашқадарё, Намангон ва Фарғона 5 нерӯгоҳи офтобӣ бо иқтидори умумии 900 мегаватт бунёд карда мешавад.

    Сарвари давлат дастур дод, ки ба ин лоиҳаҳо таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа дода, сари вақт ба истифода дода шаванд. Ба Вазорати сармоягузорӣ ва савдои хориҷӣ ва Вазорати энергетика супориш дода шуд, ки дар ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявии байналмилалӣ лоиҳаҳои нав таҳия намоянд.

    Президент ҳамчунин зарурати аз ҷониби корхонаҳои бузурги саноатӣ азхуд карда шудани манбаъҳои барқароршавандаи энергияро барои таъминоти худ қайд кард. Ҳамчунин зикр гардид, ки истифодаи манбаҳои барқароршавандаи энергия аз ҷониби аҳолӣ ва соҳибкорон ҳавасманд гардонида шавад.

    Дар ҷамъомад таъкид гардид, ки ташкили истеҳсоли ҷузъҳо ва масолеҳи барои сохтмони ояндаи нерӯгоҳҳои офтобӣ ва шамолӣ зарурӣ дар худи Ӯзбекистон арзиши лоиҳаҳоро коҳиш медиҳад ва инчунин барои корхонаҳои ватанӣ бозор фароҳам меорад. Ба ин муносибат дастур дода шуд, ки барномаи маҳаллисозии ин маҳсулот таҳия карда шавад.

    Барои хушсифат ба кор андохтани нерӯгоҳҳои нави барқӣ муҳандисон ва коргарони ихтисоснок лозиманд. Сарвари давлат таъкид намуд, ки корҳо дар ин самт аз ҳоло оғоз карда шаванд, дар шаҳри Навоӣ маркази махсуси таълимӣ таъсис дода, нақшаҳои таълимии донишгоҳҳо мутобиқи талаботи замон нав карда шаванд.

    Дар ҷамъомад Стратегияи рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Ӯзбекистон муаррифӣ шуд.

    No date selected
    November 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    Use cursor keys to navigate calendar dates