Ин муассисаи замонавии сеошёна ба 56 ҳазор нафар сокинони 19 маҳалла хизмат мерасонад. Барои ин дар шуъбаи бачагона, шуъбаи физиотерапевтӣ, беморхонаи рӯзона, кабинету лабораторияҳои махсус шароитҳои зарурӣ фароҳам оварда шудаанд. Мувофиқи дастуру супоришҳои мулоқоти озод бо кормандони соҳаи тиб санаи 18-уми марти соли равон дар дармонгоҳи мазкур таҷҳизоти муосири тиббӣ насб карда шуд.
Барои бепул таксим кардани дору ва муоина пеш аз кабули духтур утоқҳо низ кушода шудаанд. Кормандон аз 65 нафар духтур ва ҳамшираҳои тиббӣ иборат аст.
Сарвари давлат шароити дармонгоҳро аз назар гузаронида, бо коргарон суҳбат намуд.
– Тиб бузургтарин хидмати давлатӣ аст, ки аз хурд то пир ба ҳама дахл дорад. Бинобар ин мо ба ин соҳа доимо эътибор медиҳем. Мо мекӯшем, ки звенои аввалияро ба одамон наздиктар кунем. Албатта, дигаргунихо ба амал меоянд: беморхонаҳои нав кушода, поликлиникаҳо таҷҳизонида мешаванд. Аммо ҳанӯз оилаҳое ҳастанд, ки бо тиб фаро гирифта нашудаанд. Бояд ба он муваффақ шуд, ки хидматҳои ихтисосноки тиббӣ то ба ҳар як оила расад, дар ин бобат ба одамони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ночор эътибори алоҳида дод, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Дар рафти суҳбат масъалаҳои баланд бардоштани маданияти тиббии аҳолӣ ва пешгирии бемориҳо муҳокима шуданд.
– Дар бисёр мавридҳо беморӣ бо айби худи шахс пайдо мешавад: кам ҳаракат кардан, нодуруст хӯрок хӯрдан, беэътиноӣ ба саломатии худ. Звенои аввалия бояд инро ба таври васеъ шарҳ диҳад. Саломатии аҳолиро бояд на бо дору, балки бо профилактика мустаҳкам кард. Бояд таваҷҷуҳи мардумро ба саломатии худ пурзӯр гардонд, мунтазам скрининг гузаронд, – гуфт роҳбари давлат.
Дар ин ҷо азназаргузаронии мошинҳои махсусе, ки барои муоинаи сайёр истифода мешаванд, ба амал омад.