Дар оғози тадбир Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев суханронӣ намуда, модарони гиромӣ ва хоҳарони азизро самимона табрик гуфт. Таъкид кард, ки таъмини ҳамаҷонибаи ҳуқуқу манфиатҳои зану духтарон ва баланд бардоштани қадру қимати онҳо аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатӣ ба шумор меравад.
Бахусус, дар соли 2017 ба ҳисоби миёна 20 дарсади кормандони бахши идоракуниро бонувон ташкил карда бошанд, ҳоло ин рақам ба 35 дарсад расидааст. 38 дарсади депутатҳои Палатаи қонунгузории Олий Маҷлис, 27 дарсади узви Сенатро бонувон ташкил мекунанд.
Ин ба рушди ҷамъият низ таъсири мусбат мерасонад. Муҳимтар аз ҳама, зан ва духтарони бохираду заковатманд, соҳибмаърифат ва боистеъдод дар тамоми соҳаҳои давлату ҷамъият намунаи ибратанд.
Соли гузашта варзишгарони мо дар Бозиҳои олимпӣ ва паралимпӣ 3 медали тилло, 8 нуқра ва 3 биринҷӣ ба даст оварданд. Дар озмунҳои бонуфузи байналмилалии соҳаи фарҳанг ва санъат 25 нафар ва дар озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ 71 нафар духтарони боистеъдод ғолиб гардиданд.
Президент ба масъалаҳои сабук кардани мушкили бонувон, фароҳам овардани шароити иловагӣ ба онҳо эътибори алоҳида дод.
– Агар зан ва духтаронеро, ки баробари корҳои рӯзгор, тарбияи фарзандон, боз мехонанд, кор мекунанд ва бо соҳибкорӣ машғул мешаванд, қаҳрамонони воқеии замони мо гӯем, дуруст мешавад.
Дар Ӯзбекистони Нав сабук кардани ҳаёт ва маишати модарону хоҳарони мо, барои онҳо фароҳам овардани шароити зарурӣ дар тамоми соҳаҳо ҳамеша чун яке аз самтҳои афзалиятноктарини сиёсати давлатӣ боқӣ мемонад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.
Аз ин рӯ, мувофиқи тамоюли давлати иҷтимоӣ, ки дар Сарқонуни нави мо сабт шудааст, ҳифзи иҷтимоии бонувон низ ба тарзи нав ташкил мегардад.
Соли равон ба 162 ҳазор зани ногиро дар сиҳатгоҳ, беморхона, ҳамчунин дар маҳаллаҳое, ки истиқомат мекунанд, кумаки тиббӣ расонида мешавад, 130 ҳазор бонувоне, ки саробони худро аз даст додаанд кумаки моддӣ мегиранд, шароити зиндагии 6 ҳазор зан беҳтар карда мешавад, бонувоне, ки қобилияти корӣ доранд, ба кор ҷойгир карда мешаванд.
Инчунин, ҳар сол 50 ҳазор зану духтаре, ки ба вазъи мураккаби зиндагӣ афтодаанд, барои таҳсил ва истироҳат ба масканҳои фароғатии ҷумҳурӣ фиристода мешаванд.
Саломатии зану духтарон пояи ҷомеаи ҳамаҷониба солиму муқтадир мебошад.
Бо ин мақсад 230 таваллудхона бо 21 ҳазор адад таҷҳизоти муосири тиббӣ таҷҳизонида мешаванд. Ғайр аз ин, соли равон 1,5 миллион нафар зану духтарон бо мақсади саривақтӣ муайян кардани бемории саратон аз скрининг мегузаранд.
Боз як бор таъкид гардид, ки таҳсили духтарон барои тамоми хонавода нафъовар аст.
Агар оила бомаърифат ва босавод бошад, сатҳи тафаккур ва маданият дар ҷомеа ташаккул меёбад.
Беш аз 52 фоизи донишҷӯёнро занону духтарон ташкил мекунанд ва метавон гуфт, ки ин натиҷаи амалии ин ғояи накӯ мебошад. Танҳо дар соли гузашта қариб 100 миллиард сӯм маблағи шартномаи таълимии тақрибан 15 ҳазор зан ва духтаре, ки дар магистратура таҳсил мегиранд, пардохта шуд.
Ҳоло зиёда аз 6 ҳазору 200 нафар зану духтарон бо фаъолияти илмӣ машғуланд ва 25 фоизи ихтироъҳои илмӣ аз тарафи бонувони олим офарида мешаванд, ки ин ҳама аз баланд гардидани нақши онҳо дар ҷомеа гувоҳӣ медиҳад.
Бинобар ҳамин, минбаъд низ барои пурра бо таълиму тарбияи томактабӣ, мактабӣ фаро гирифтан, соҳиби касбҳои замонавӣ, донандагони забонҳои хориҷӣ ва таълими олӣ намудани духтарони ҳар як хонавода шароити зарурӣ фароҳам мегардад. Бахусус, соли равон боз 250 ҳазор духтар бо таълими олӣ фаро гирифта хоҳанд шуд. Ин нисбат ба соли 2017 ҷамъ 3,5 баробар зиёд аст. Боз ба 250 ҳазор нафар бонувон касбу ҳунар ва соҳибкорӣ омӯхта мешавад. Дар доираи лоиҳаи «Ояндаи дурахшон» на кам аз 200 нафар духтар барои хондан ба муассисаҳои таълими олии бонуфузи ҷаҳон фиристода мешаванд.
Роҳбари давлатамон ба масъалаҳои таъмини шуғли зану духтарон, ҷалби онҳо ба соҳибкорӣ низ таваҷҷуҳ намуд. Ба сифати қадами амалӣ дар ин самт ташаббуси таъсиси Шӯрои бонувони соҳибкорро дар назди Палатаи савдо ва саноат пешбарӣ кард. Шӯрои мазкур ваколати бевосита дар назди парлумон гузоштани мушкилоти ҳаётиеро соҳиб хоҳад шуд, ки занони соҳибкорро дар маҳалҳо ба ташвиш овардаанд.
Имсол барои лоиҳаҳои соҳибкории бонувон дар маҳаллаҳо ба таври иловагӣ 3,3 триллион сӯм ҷудо карда мешавад. Бахусус дар доираи барномаҳои соҳибкории оилавӣ боз 100 миллион доллар тақдим мегардад.
Илова бар ин, бонкҳои тиҷоратӣ низ 100 миллион доллар ҷалб намуда, ба бонувони маҳаллаҳо, ки худро бо шуғл фаро гирифтаанд, вомҳои бидуни гаравро ба миқдори то 50 миллион сӯм медиҳанд.
Тавре зикр гашт, оид ба рушди соҳибкории бонувон низоми нав, ки аз 4 марҳила иборат аст, роҳандозӣ мешавад.
Дар марҳилаи якум, 20 ҳазор бонувоне, ки мехоҳанд бо тиҷорат машғул шаванд, аммо таҷриба надоранд, ба соҳибкорӣ бозомӯзӣ мешаванд. Дар марҳилаи дуюм барои бо таҷорати хурд машғул гардидани 100 ҳазор нафар занон, ки худро бо шуғл фаро гирифтаанд, кумак расонида мешавад. Дар марҳилаи сеюм ширкати «Ҳамроҳ» ба мақсади ба сатҳи миёнаи намунавии тиҷорат баровардани 2 корхонаи хурд дар ҳар ноҳия корро ташкил мекунад.
Дар марҳилаи чорум 50 нафар бонувони соҳибкори фаъолтарин ба «соҳибкорони чемпион» табдил дода мешаванд, ки гардиши солонаи беш аз 100 миллиард сӯм доранд.
Умуман, имсол аз ҳисоби бозомӯзии касбҳо, бо ҷойи кор таъмин намудан ва рушди соҳибкорӣ таъмини шуғли беш аз 2 миллион бонувон мақсади асосӣ мебошад.
– Мо дар ҳама соҳа ва самтҳо ҳадафҳои волоро пеши худ гузоштаем. Барои расидан ба онҳо, мо ба насли ҷавони ҳаматарафа рушдёфта такя мекунем, ки тарбияи он дар дасти модарони фидокор мебошад, – гуфт Сарвари давлат.
Бо қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 3 марти соли равон 28 нафар духтарон бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия, тибқи фармон аз 4 март як гурӯҳ бонувон, ки дар фаъолияти меҳнатӣ ва ҷамъиятии худ ба натиҷаҳои шоиста ноил гардидаанд, бо орден ва медалҳо сарфароз гардида буданд.
Дар чорабинӣ ин мукофотҳои олӣ ботантана супорида шуд.
Дар анҷоми маросим Шавкат Мирзиёев бори дигар бонувонро аз номи халқамон табрик гуфта, ниятҳои накӯи худро иброз намуд.
– Ба ҳамаи шумо саломатии бардавом, дар хонадонатон сулҳу оромӣ ва бузургтарин сарвати дунё – хушбахтии оилавӣ таманно дорам. Доим дар эҳтироми фарзандону пайвандон, халқу диёр будан насиб кунад, – гуфт Президент.
Дар доираи ид дар қасри анҷуманҳои “Ӯзбекистон” консерти мутантан доир гардид.