Шавкат Мирзиёев: Ҳар кори баҳри дастгирии занон анҷом додашуда фардо, бешубҳа, даҳ баробар шуда бармегардад

    Ҳукумат 7 Mart 2022 9786

    Дар Маркази байналмилалии конгресс бахшида ба Рӯзи байналмилалии занон – 8 март чорабинии идона баргузор гардид.

    Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев бонувонро самимона муборакбод намуда, ба онҳо эҳтироми амиқ изҳор кард.

    – Халқи мо аз қадимулайём симои муқаддаси Модар, занро ҳамчун офаридаи беҳамтои Худованди мутаол гиромӣ дошта, ӯро бо меҳру ғамхорӣ иҳота мекунад, – гуфт сарвари давлат.

    Чӣ хеле ки маълум аст, ченаки инсондӯстӣ ва адолати ҳар як ҷомеа ва давлат, пеш аз ҳама дар муносибат ва таваҷҷуҳ ба зан зоҳир мегардад. Барои ноил шудан ба чунин мақсади олӣ, ба мисли таъмин кардани ҳаёти осоиштаю фаровони халқи мо ба ҳифзи ҳуқуқи қонунӣ ва манфиатҳои бонувон эътибори хоса дода мешавад. Шароити меҳнат, таълимгирӣ, таҳкими сиҳатӣ, баланд бардоштани некӯаҳволии оилаи онҳо беҳтар мегардад.

    Ин кор яке аз самтҳои муҳими Стратегияи рушд мебошад. Дар ҷамъомади видеоселектории 1 март барои занон имкониятҳои боз ҳам бештар муайян шуданд. Ба мақсади таъмини татбиқи низомнок ва самарабахши ин вазифаҳо мақоми дахлдори муовини Сарвазир аз нав ташкил карда шуда, Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои оила ва бонувон созмон дода шуд.

    Ба сохтори кумита ҳамчунин муовинони раисон оид ба масъалаҳои занон ва оилаи қариб 9,5 ҳазор маҳаллаҳо, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият нишон медиҳанд, шомил гардида, дар ҳар як маҳалла вазифаи шахси масъули ҳалли масъалаҳои занон барқарор карда мешавад. Ҳамин тариқ, низоми одилона ва самарабахш ташаккул меёбад, ки бо мушкилоти занон ва нигарониҳои рӯзмарраи онҳо ба таври доимӣ сару кор дорад.

    Барномаи миллӣ оид ба дастгирии таълими занон, ки барои солҳои 2022-2026 пешбинӣ шудааст, қабул карда хоҳад шуд.

    Бо ташаббуси Президент ҷунбиши «Бонувони оқила» таъсис дода мешавад, ки дар сафҳои худ бонувони бонуфуз ва обрӯмандро муттаҳид менамояд, ки онҳо метавонанд ба ташаккули шуури ҷамъиятӣ, тарбияи авлоди ҷавон таъсир расонанд. Дар баробари ин барои ҳалли самарабахши мушкилоти бонувон дар тамоми ҷамоаҳои меҳнатӣ шӯроҳои бонувон ташкил карда мешаванд.

    Ба мақсади минбаъд зиёд гардондани шумораи заноне, ки дар соҳаи соҳибкорӣ кор мекунанд, барномаи «Бонувон дар соҳаи тиҷорат» қабул карда шуда, дар доираи он ба миқдори 8 триллион сӯм маблағ ҷудо карда мешавад.

    Ҳамчунин, соли ҷорӣ барои қарзи ипотекӣ субсиди 40 фоиза хоҳанд гирифт. Ин имкон медиҳад, ки ба занони эҳтиёҷманд 12 ҳазор хонаҳои замонавӣ дода шавад.

    Барои амалӣ гардондани ин кори бузурги дар мамлакатамон мислаш диданашуда ба миқдори 15 триллион сӯм маблағ равона карда мешавад.

    – Ҳалли масъалаҳои занон ва оила вазифаи асосиест, ки натанҳо имрӯз, балки фардои моро муайян мекунад. Ҳар як кори хайри баҳри дастгирии бонувонамон, фариштаҳои хонадонамон, рамзи муҳаббат ва садоқати бепоён анҷом додашуда фардо, бешубҳа даҳ баробар бармегардад, – гуфт Шавкат Мирзиёев.

    Президент ба тамоми занони ҷумҳурӣ муроҷиат карда, онҳоро даъват намуд, ки дар дигаргунсозиҳои азим фаъолона иштирок кунанд:

    – Имрӯз мо ба давраи нави таърихии рушди ҳамаҷонибаи кишварамон ворид шудем. Ба қалби фарзандонамон ҷойгир кардани мақсадҳои бузург, ғояҳои олиҷаноб вазифаи асосии тамоми модарони Ӯзбекистон мебошад.

    Бешубҳа, тарбияи насли ҷавони дорои сифатҳои баланди инсонӣ, далеру шуҷоъ, ба Ватан содиқ, пеш аз ҳама ба шумо вобаста аст. Ин муҳимтарин сармоя барои оянда, сарвати бузургтарини мост.

    Мувофиқи фармон ва қарори Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз 5 марти соли равон як гурӯҳ занон бо унвонҳои фахрӣ, ордену медалҳо, 28 нафар духтарон бо Ҷоизаи давлатии ба номи Зулфия сарфароз гардонда шуданд.

    Дар чорабинии идона ботантана супурдани ин мукофотҳо сурат гирифт.

    – Бори дигар аз самими қалб ҳамаро бо иди баҳор, зебоӣ ва нафосат муборакбод мегӯям. Ба ҳамаи шумо тамоми хушбахтии дунё, дидани хушбахтии фарзандон ва наберагонатонро орзумандам. Бароятон саломатӣ, бахту саодат ва беҳбудӣ мехоҳам, – гуфт Президент.

    Бонувони дар чорабинӣ иштирокдошта, ки дар соҳаҳои мухталифи Ҷумҳурии Қароқалпоқистон, шаҳри Тошканд ва вилоятҳо кор мекунанд, кормандони вазорату идораҳои гуногун ҷашнро дар атрофи дасторхони пурсаховат таҷлил намуданд. Дар чорабинӣ инчунин занони дипломатҳо, ки аз давлатҳои хориҷӣ ва созмонҳои байналмилалӣ намояндагӣ мекунанд, иштирок доштанд.

    Чорабинии идона бо консерти рангин идома ёфт.

    No date selected
    December 2024
    1
    2
    3
    4
    5
    6
    7
    8
    9
    10
    11
    12
    13
    14
    15
    16
    17
    18
    19
    20
    21
    22
    23
    24
    25
    26
    27
    28
    29
    30
    31
    Use cursor keys to navigate calendar dates