Президент ба шаҳри Самарқанд омад
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 23 апрел ба шаҳри Самарқанд омад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба Президенти Ҷумҳурии Ҳиндустон Драупади Мурму ва Сарвазир Нарендра Моди дар иртибот ба ҳамлаи террористӣ дар минтақаи Кашмир, ки боиси ҳалокат ва захмӣ гардидани шумораи зиёди одамон гардид, барқияи изҳори тасаллӣ ирсол кард.
Бо даъвати Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев Пешвои миллии халқи туркман, Раиси Халқ Маслаҳатии Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳамедов 23-24 апрел бо сафари расмӣ ба шаҳри Самарқанд ташриф меорад.
Имрӯз дар давоми рӯз боришот дар назар набуда, фақат дар бархе аз вилоятҳои водии Фарғона ва баъди зӯҳр дар баъзе аз ноҳияҳои вилояти Тошканд борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ эҳтимол дорад. Шиддати шамол дар як сония 7–12 метрро ташкил медиҳад. Ҳарорати ҳаво 23–28 дараҷа гарм мешавад.
Дастаи ҷавонони то 17-солаи Ӯзбекистон оид ба футбол дирӯз пас аз як бозии дурахшони худ дар Ҷоми Осиё (U17), ки дар Арабистони Саудӣ баргузор гардид, ба Ватан баргаштанд. Ҷавонони мо ирода ва ҷасорати ҳақиқиро нишон дода, унвони чемпионӣ ба даст оварданд ва ба кишвар пирӯзӣ оварданд.